ДАР ХАТАР МОНОНДАНИ КӮДАКИ 1-РӮЗА

Санаи 11-уми августи соли 2014, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Қурбонова Ганҷина Файзалиевна, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саҳбо, хонаи №416, дар таърихи 19-уми июли соли ҷорӣ дар хонаи истиқоматиаш таваллуд мекунад ва худи ҳамон рӯз модараш Бобоҷонова Зебо Қурбоновна, соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саҳбо, хонаи №416, ва апааш Қурбонова Мавзуна Файзалиевна, соли таваллудаш 1993, истиоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саҳбо, хонаи №416, тифли навзодро ба таваллудхонаи №2-и шаҳри Душанбе бурда, мегӯянд, ки гўё ўро аз роҳрави назди Маркази савдои «Садбарг»-и шаҳри Душанбе, дарёфт кардаанд, аммо номбурдагон бо ин амали хеш кӯдаки навзоди якрӯзаро, ки ба шири модар сахт ниёз дошт, дар хатар гузоштаанд. Нисбати номбурдагон корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin