• Home »
  • ХАБАР »
  • Дар арафаи Иди Саиди Қурбон ба собиқадорон кӯмаки яквақта расонида шуд

Дар арафаи Иди Саиди Қурбон ба собиқадорон кӯмаки яквақта расонида шуд

Санаи 4-уми октябри соли љорӣ бо мақсади дастгирӣ ва қадрдонӣ намудани хизмати собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷониби роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе тасмими хайрхоҳона сурат гирифт. Аз ҷумла ба чандин нафар аз собиқадорон ва оилаҳои кормандони ҳангоми адои вазифа фавтида ба миқдори муайян орду равған ва қанди сафед тақсим карда шуд, ки анҷом додани ин амали хайр дар арафаи Иди Саиди Қурбон, ки яке аз хусусиятҳои ин иди Саид мебошад ва ин амал азтарафи собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, хеле хуб пазироӣгардид. Мавриди зикр аст, ки анҷом додани чунин амали хайр ягона набуда, Роҳбарияти РВКД дар шаҳри Душанбе пайваста кӯшиш ба харљ медињанд, то аз ҳоли собиқадорони худ бохабар гардида, дар доираи имкониятњои худ каме ҳам бошад, кӯмаки моддии хешро ба собиќадорон ва ањли оилаи онњо расонанд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin