• Home »
  • ХАБАР »
  • Вохӯрӣ бо мақсади иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе
Вохӯрӣ бо мақсади иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе

Вохӯрӣ бо мақсади иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе

Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади иҷроиши қарори Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 1 феврали соли ҷорӣ “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” нақша-чорабиниҳои иловагии худро таҳия ва амалӣ намуда истодааст.

Дар доираи амалинамоии талаботҳои қарори мазкур роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо бахшу хадамотҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кумитаи маҳаллаҳо, институтҳои ҷамъиятӣ ва дигар мақомотҳои дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдор силсилавохуриҳоро доир ба фаҳмондани моҳият ва самараи иҷроиши қонунҳои амалкунандаи кишвар, риояи муқарароти маромномаи сокини пойтахт аз ҷониби ҳар як шаҳрванд, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, аз байн бурдани падидаҳои халалдоркунандаи ҷамъиятӣ баргузор намуда истодаанд.

Чунин як вохурӣ дар маҷлисгоҳи Шуъбаи 2-и ВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пулодӣ, муовини раиси ноҳияи Сино Шарофиддинзоа Мунир, сардори Шуъбаи 2-и ВКД дар ноҳияи Сино полковники милитсия Қаҳоров Ҳабиб, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва ҳайати шахсӣ иштирок намуданд.


Дар вохурӣ нахусут муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Дадабойзода Ҳ. П. суханронӣ намуда, пиромуни ҳадафу мақсад ва Қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии ба танзим оварандаи фаъолияти шаҳрдорӣ ҳарф зада, оиди дар маҳали хизматӣ татбиқ намудани муқаррароту талаботи қарори зикргардида аз ҳисоби нозирони минтақавӣ, кумитаи маҳаллаҳо ва фаъолони маҳал гурӯҳои корӣ таъсис намуд.
Дар вохӯрии мазкур ҳамчунин намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва раисони кумитаи маҳаллаҳо суханронӣ намуда, оиди фаъолияти босамар ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидани гурӯҳҳои таъсисдодашуда пешниҳоду дархостҳои худро иброз намуданд.


Аз ин пас, гурӯҳҳои таъсисдодашуд дар асоси нақшаи алоҳида дар маҳалҳои хизматӣ ва маҳаллаву кӯчаҳои истиқоматии ноҳияҳои пойтахт доир ба самъи аҳолӣ расонидани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин риояи ҳатмии одоби шаҳрнишинӣ, маданияти шаҳрдорӣ, маърифати пойтахтнишинӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ, муборизаи дастаҷамъона бар зидди ифротгароӣ ва рафъи дигар падидаҳои халадоркунандаи тартиботу оромии ҷамъъиятӣ корҳои профилактикӣ баргузор менамоянд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin