Вохӯрии сардори Рёсат бо аҳли ҷамоатчигӣ

Санаи 24-уми июли соли ҷорӣ дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, бо ташабуси Сардори Раёсат, генерал-майори милитсия Ҷӯрахонов Саид Қаюмович бо эмомхатибони масљидҳои ҷомеъи шаҳри Душанбе ҷамъомад доир гардид. Дар ҷамъомад роҷеъ ба таҳдидҳои ҷаҳони имрӯза аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои тундрав ва ҳизбу ҳаракатҳои экстримистӣ ва чанг задани онҳо ба ақидаҳои ғайримазҳабӣ ва иштироки баъзе шаҳрвандани кишварамон дар ҷангҳои давлати Сурия суханронӣ карда шуд.

Аз ҷумла дар ҷамъомади мазкур мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ғуломов Қудратулло, сармутахасиси калони шӯъба оид ба корҳои дини назди Ҳукумати шаҳри Душанбе Нарзуллои Муҳаммад, сардорони шӯъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ёрдамчиёни онҳо, ки бо ҷомеа дар иртиботанд ширкат намуда, ҳамақидагии худро дар ин самт баён сохтанд.

Дар ҷамъомади мазкур 23 эмомхатибони масҷидҳои ҷамеъи калон ва 53 масҷидҳои 5-ваќтаи хурд иштирок доштанд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin