Вохуриҳо натиҷа додаистодаанд

Вохуриҳо натиҷа додаистодаанд

Кормандони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар шаҳри Душанбе пайваста вохуриву корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ноболиғону ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва дигар донишгоҳу колеҷҳо роҳандозӣ намудаанд.

Ҳамингуна чорабинӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №-5 ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки кормандони милитсияву ҷавонони гуруҳи «Пешоҳанг» ва хонандагони муассисаву падару модарон доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур кормандони милитсия аз кирдорҳои ҷиноятии ҷавонон, махсусан даст ба авбошӣ задани онҳо, ва оқибатҳои нангину маҳбасӣ шудани афроди ҷиноятпеша суҳбат намуда, толибилмонро ба роҳи росту ахлоқи ҳамида ва андухтани донишҳои муосир ҷалб намуданд.

 

Ҳамчунин дар идомаи чорабинӣ аъзои гуруҳи «Пешоҳанг» суханронӣ намуда, ҷавононро ба худшиносии миллию пос доштани арзишҳои варҳангӣ ҷалб намуда, таъкид намуданд, ки маҳз ҷавонони бо илму дониш ва дорои ҷаҳонбинии фарох метавонад ояндаи миллату давлати худро дурахшон намуда номбардори ин марзу бум бошад.

Дар охир сарвари муассисаи мазкур ба ВКД ва раёсати он дар шаҳри Душанбе барои ташкилу ба роҳ мондани чунин вохуриҳо изҳори минатдорӣ намуда, таъкид намуданд, ки бо баргузории чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва аз оқибатҳои пурнанги ҷинояткорӣ ҳушдор додани онҳо, ахлоқу кирдори ҷавонон беҳбуд ёфтаистодааст.

Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҷавонони сарбаланди кишвар дар соли ҷавонон бо дарбаргири улуми замон ва ахлоқи ҳамида дар пешрафту гулгулшукуфоии Ватани азизамон нақши муҳим хоҳанд гузошт.

Шукуров Сироҷиддин

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin