• Home »
  • ХАБАР »
  • Вохурии сардори Раёсат бо милитсионерони Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсия дар шахри Душанбе
Вохурии сардори Раёсат бо милитсионерони Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсия дар шахри Душанбе

Вохурии сардори Раёсат бо милитсионерони Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсия дар шахри Душанбе

Дар оғози соли нави мелодӣ сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо мақсади шинос гардидан аз шароити хизматбарию маишӣ, кору фаъолият ва таҳлили натиҷаҳои хизматии Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсия (БХДПМ) ба қароргоҳи ин воҳиди мақомот ташриф оварда, аз шароити кории он аз наздик шинос гардида, бо ҳайати шахсии он мулоқот доир намуд.
Номбурда зимни вохурӣ бо милитсионерони баталиёни мазкур иброз дошт, ки имрӯз бо фароҳам гардидани шароити мусоиди корӣ баҳри кормандони милитсия, фаъолияти ин ниҳоди қудратӣ сол то сол беҳбуд гардида, ба як сохтори калидии кишвар мубаддал гардидааст. Сохта ба истифода додани биноҳои нави хизматӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани он бо техникаву технологияи муосир, ки баҳри пешбурди фаъолият ва пешгирии ҷинояткорӣ равона гардидааст, аз кормандони мақомоти милитсия фаъолияти дучанд талаб карда мешавад.

Бешубҳа фаъолияти пурсамари кормандони милитсия аз таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти вазорат сарчашма мегирад. Ин аст, ки кормандони милитсияи шаҳри Душанбе, баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзу дар амон нигоҳдоштани молу мулки шаҳрвандон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Чун дигар ҷузъу томи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи раёсат низ новобаста аз вазъи боду ҳаво, баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахт, дар хатсайрҳои муайяншуда, ба таври шабонарӯзӣ хизмати патрулию дидбониро ба роҳ мондаанд.
Зимни вохурӣ бо кормандони Баталиён сардори Раёсат бори дигар таъкид бар он намуданд, ки бо дарки масъулият ва иҷрои бечунучарои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорату Раёсат шабона дар хатсайрҳои муайянгардида тартиботи ҷамъиятӣ пурзур карда шавад. Дар мулоқот ҳамчунин таъкид намуд, ки кормандони Баталиёни мазкур шабона хатсайрҳои муайяншударо зери назорати қатъи гирифта, аз сарзадани ҳаргуна амалҳои ношоиста, аз қабили дуздиву ғоратгарӣ, авбошиву бадмастӣ ҷилавгирӣ намоянд.
Ҳамингуна дар ҷараёни нишаст, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазири корҳои дихилӣ ва Раиси шаҳри Душанберо ҷиҳати таъмини тартибот, қонуният, хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон, бартараф намудани савдои кучагӣ ба ҳайати шахсӣ расонида, таъкид намуданд, ки пойтахти кишвар, пеш аз ҳама бо ободу зебогии худ ва тартибу низом аз дигар манотиқи кишвар бояд фарқ кунад. Дар баробари ин милитсияи пойтахт низ бо рафтору кирдор, донишу маърифат, ва ҳисси баланди масъулияти хизматӣ ва бо садоқатмандӣ ба давлату миллат намуна бошанд.
Доир ба беҳтар намудани натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии милитсионерони Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе масъулини соха дастуру супоришҳои мушаххас гирифтаанд. Дар анҷоми мулоқот таъкид гардид, ки таъмини тартибот дар шаҳри Душанбе чун маркази маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар як корманди милитсияи шаҳри Душанбе масъулияти бланди хизматиро талаб менамояд.

Нозири гуруҳи ахборотии РВКД дар ш. Душанбе 
лейтенанти-милитсия 
Сироҷиддин Шукуров

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin