Бозрасии давлатиии автомобилӣ хабар медиҳад!

Бозрасии давлатиии автомобилӣ хабар медиҳад!

Ҳафтаи сипаришуда кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии ҳолатҳои рух додани садамаҳои роҳу нақлиётӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе ва муайяну ошкор намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднокро тарҳрезӣ ва амалӣ намуд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок давоми санаҳои 22-27 январи соли ҷорӣ ҳамагӣ 3873 адад қоидавайронкуниҳо ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ҷумла:
-Аз меъёри муқаррашуда баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт – 126 адад;
-Вайрон намудани қодаҳои мусофиркашонӣ – 318 адад;
-Истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 157 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 26 адад;
-Истифода набурдани тасмаи бехатарӣ аз тарафи ронандагон ҳангоми ҳаракати воситаи нақлиёт – 486 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оиди манъ кардани воситаи нақлиёт – 4 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 2751 адад;
-Шумораи воситаҳои нақлиёти ба ҷаримагоҳи БДА дастрасшуда – 32 адад;

Дар давраи зикргардида ҳамчунин 5 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ муайян ва ошкор гардиданд, ки баъди гузаронидани санҷиш ва дастрас намудани хулосаи мутахассисони Маркази наркологии Вазорати тандурустӣ оиди дар ҳолати мастӣ қарор доштани ронандагон нисбати ҳар яки онҳо маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаҳои нақлиёти онҳо ба ҷаримагоҳи Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ворид карда шуд.
Инҳо шаҳрвандон: Холназаров Алишер Юлдошевич – ронандаи автомошинаи тамғаи Лексус 400, рақами қайди давлатиаш 7384СР01

Исоев Сироҷиддин Давлатназарович ронандаи автомошинаи тамғаи Опел, аломати қайди давлатиаш 9394АК08

  Ҳайдаралиев Зафар Эназарович – ронандаи автомошинаи Тайёта-Авенсус, аломати қайди давлатиаш 7787СО01

Баротов Далер Ҳамидҷонович – ронандаи автомошинаи мусофиркаши Мерседес-Бенс, аломати қайди давлатиаш 4645ВХ01

Ҳайдаров Насрулло Анварбекович – ронандаи автомошинаи тамғаи Опел-Астра, аломати қайди давлатиаш 1208СТ01

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin