• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти ҷинояткор бо тахаллуси «Кобра» ва ошкорёбии 30 адад ҷиноятҳои содирнамудаи ӯ
Боздошти ҷинояткор бо тахаллуси «Кобра» ва ошкорёбии 30 адад ҷиноятҳои содирнамудаи ӯ

Боздошти ҷинояткор бо тахаллуси «Кобра» ва ошкорёбии 30 адад ҷиноятҳои содирнамудаи ӯ

Баъзан нафарони фурсатталабу ҷиноятпеша аз беназоратии автомашинаҳои шаҳрвандон ва торикии шаб истифода бурда, бо шикастани тиреза маблағҳои пулӣ ва дигар ашёҳои арзишмандро мавриди ҳадафи ҷинояти худ қарор медиҳанд.
Вобаста ба шикастану аз дохили автомашина дуздидашудани маблағҳои пулию телефони мобилӣ ва дигар ашёҳои арзишнок шаҳрвандон ба кормандони милитсия муроҷиат намуда буданд.
Ҳафтаи сипаришуда бо бурдани коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Шуъбаи 1-и ВКД дар ноҳияи Сино шаҳрванд Маҳмадиев Умарҷон Ҳикматуллоевич соли таваллудаш 1997 истиқоматкунандаи кучаи Испечаки ноҳияи Синои пойтахт, ки собиқаи ҷиноӣ дошта дар байни олами ҷиноӣ бо тахаллуси «Кобра» машҳур аст, бо гумони содирнамудани силсилаҷиноятҳои дуздӣ дастгир намуданд.
Бо бурдани корҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки номбурда асосан ҷиноятҳои дуздиро шабона содир намуда, тирезаҳои автомашинаҳои шаҳрвандонро ба воситаи «атвёрка» шикаста, маблағҳои пуливу тефонҳои мобилӣ ва дигар ашёи қимматнокро аз они худ мекардааст.


Чунончи шаби 1-уми феврали соли 2018 тирезаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», ки дар назди манзили истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Нусратулло Махсуми пойтахт беназорат меистод, шикаста аз дохили автомашина телефони мобилӣ, маблағҳои пулӣ ва видеорегистратору дигар ашёҳои арзишмандро дуздидааст. Гумонбар бо содирнамудани ин кирдораш ба сокини 45-солаи сокини пойтахт, зарари калони пулию молӣ расонидааст.
Қобили зикр аст, гарчанде гумонбар аз дохили баъзе аз автомашинаҳо чизе наёфта бошад, ҳам вале бо шикастани тирезаҳои автомашина ба шаҳрвандон зарари калони моддӣ расонидааст.


Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар содирнамудани зиёда аз 30-лаҳзаи дигари ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаи ӯ зиёда аз 50-ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Айни замон нисбати гумонбаршуда Маҳмадиев Умарҷон бо моддаи 244 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Шукуров Сироҷиддин 
лейтенанти милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin