• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти ронандаи фирорӣ пас аз ба ҳалокат расонидани ҷавонзани 49 – сола
Боздошти ронандаи фирорӣ пас аз ба ҳалокат расонидани ҷавонзани 49 – сола

Боздошти ронандаи фирорӣ пас аз ба ҳалокат расонидани ҷавонзани 49 – сола

18-уми феврали соли 2018, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи номаълум ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи А.Ҷомӣ ба самти кӯчаи Фирдавсӣ, дар рӯ ба рӯи бинои №5-и кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ғоибова Рухсорамоҳ Ҳасановна, соли таваллудаш 1969, ҳамшираи шафқати беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Кӯлоб, сокини шаҳри Кӯлобро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар “гармо-гармӣ” ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Старекс”, Рустамов Исроил Анварович, соли таваллудаш 1986, ронандаи ҶСК “Нақлиёт”, сокини шаҳри Ҳисор, дастгир карда шуд.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin