• Home »
  • ХАБАР »
  • Бародарон Ҳасан ва Ҳусейн бо ҷурми дуздӣ дастгир шуданд
Бародарон Ҳасан ва Ҳусейн бо ҷурми дуздӣ дастгир шуданд

Бародарон Ҳасан ва Ҳусейн бо ҷурми дуздӣ дастгир шуданд

Яке аз маъмултарин шаклҳои ҷиноят дуздӣ ба ҳисоб рафта, ба хотири ба даст овардани маблағу даромади муфт равона гардидааст. Содиркунандагони ин шакли ҷиноят гумони онро доранд, ки бо ба даст овардани маблағ аз ҳисоби меҳнати дигарон, зиндагонии осоишта дошта бошанд. Вале дер ва ё зуд ба даст афтида ба кирдори худ дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.

Новобаста аз шакли содиршавии ҷиноят имрӯз кормандони мақомоти милитсия бо тактика ва роҳу усулҳои навин ҷиноятҳоро ошкор ва нафарони содирнамудаи онро дастгир менамоянд.

Ду нафар бародарон Ҳасан ва Ҳусейн Кабировҳо, соли таваллудашон 1992 истиқоматкунандагони ноҳияи Рудакӣ, ки дар содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешуданд, ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби кормандони ШШМ ШВКД-1 дар ноҳияи Сино дастгир гардиданд.
Гумонбарон то лаҳзаи аз фаъолият боз мондани корхонаи ордбарорӣ воқеъ дар кучаи Раҳмон Набиев, ки ба шаҳрванд Холиқов Фаридун тааллуқ дорад, ба ҳайси посбон фаъолият намуда, аз мавҷудияти ашёҳои гуногуни арзишнок огоҳӣ доштанд. Аз ин рӯ ба хотири ба даст овардани маблағ ва даромади муфт дар чанд маврид аз моҳи августи соли равон сар карда, пинҳонӣ аз коргоҳи мазкур муҳаррик, трансформатор, контейнер ва як қатор ашёҳои дигарро ба яғмо бурдаанд.

Ин ду бародар Ҳасан ва Ҳусейн бо маслиҳати пешакӣ гуруҳи ҷиноятиро созмон дода, аввалҳои моҳи августи соли ҷорӣ вориди ин коргоҳ шуда, аз он ҷо ҳафт адад муҳаррикро пинҳонӣ тасарруф кардаанд. Ашёҳои дуздидашударо бо маблағи ночиз ба фуруш гузошта, ба манфиати худ сарф намуданд.

Ин гуруҳи ҷиноятпеша кирдорҳои ҷиноятиро идома дода, боз такроран моҳи ноябри соли равон аз дохили корхонаи мазкур ду адад трансформаторҳои барқдиҳандаро, ки ҳар яке аз онҳо арзишҳои гуногун доранд, тасарруф намуда, аз фуруши онҳо манфиат ба даст овардаанд.
Баъд аз дастгир гардидани онҳо ду адад трансформатори барқдиҳанда, ки ба фуруш гузошта буданд, ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуд.

Маҳз ҳирси соҳиб шудани маблағ буд, ки ин гуруҳи ҷиноятӣ маротибаи сеюму чорум, вориди ин коргоҳ шуда, ин дафъа як миқдор лавозимоти сохтмонӣ, 6-адад дучарха яъне мототсиклҳои корношоям ва ду адад контейнерро ба даст оварда, дар корхонаи оҳангудозӣ ба ҳайси оҳанпора фурухтаанд.

Бо бурдани корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки гумонбарон бо содир намудани маҷмӯи кирдорҳои ҷиноятӣ ба ҷабрдида ба маблағи 15-ҳазор доллари амрикоӣ бо асъори миллӣ зиёда аз 130-ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд.


Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур зикр кардан ба маврид аст, ки ҳамаи манфиатҳои хилофи қонун ва бидуни арақи ҷабин ба даст омада, оқибати нохуб дошта, дер намепояд. Айни замон нисбати гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 244-Коддекси Ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Нозири гуруҳи ахборотии РВКД дар ш. Душанбе 
лейтенанти-милитсия 
Сироҷиддин Шукуров

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin