Авбошон бо изи гарм дастгир гардиданд

Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ санаи 23-юми сентябри соли 2014 бо изи гарм шаҳрванд Файзов Фирӯз Астанқулович, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи ш. Душанбе дастгир карда шуд, ки номбурда дар таърихи 21-уми сентябри соли равон тахминан соати 01:15 даќиќа бо ҳамроҳии рафиқонаш Ҳошимов Фарухҷон Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи н. Темурмалик, деҳаи Танобчӣ ва Саидҷаъфар ном шахс дар назди тарабхонаи «Қанд», воқеъ дар кӯчаи Баҳовуддинови ш. Душанбе бо шаҳрванди Ҷумҳурии Ҳиндустон Неоги Ависег, соли таваллудаш 1974, корманди ЉДММ «ИМС-Прељент-менељмент» муноқиша менамоянд. Номбурдагон ҳангоми муноқиша аз корди дар дасташон буда истифода намуда, тани шаҳрванд Неоги Ависегро захмӣ карда, љоињодисаро тарк месозанд, ки дар натиҷа шаҳрванди номбурдаи Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Маркази миллии тиббии Ҷумҳуриявӣ бистарӣ карда мешавад. Айни замон бањри дастгир намудани иштирокчиёни дигари ин љиноят корњои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin