Авбошони ноболиғ дастгир гардиданд

Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе шаҳрванд Ѓаниев Лутфулло Нуруллоевич, соли таваллудаш 1997, сокини ш. Душанбе муроҷиат намуд, ки рӯзи 21-уми октябри соли 2014, тахминан соати 17:30 даќиќа дар назди Тарабхонаи «Кооператор» воқеъ дар кӯчаи Дењотии пойтахт ӯ ва рафиқонаш Садиров Алишер Турахонович, соли таваллудаш 1993, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, Раҷабов Сафаралӣ Файзуллоевич, соли таваллудаш 1985, сокини н. Восеъ, дењаи Кадучиро шахсони номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, онҳоро мавриди лату кӯби шадид қарор медиҳанд. Дар натиҷа охирин ва рафиқонаш бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ аз ташхиси тиббӣ-судӣ гузаронида шуданд. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷусутуҷӯйӣ шаҳрвандон Алиев Идихон, соли таваллудаш 1995, сокини ш. Душанбе, донишљўйи соли 2-юми Донишкадаи тиљорати Тољикистон, Алиев Каримхон, соли таваллудаш 1997, сокини ш. Душанбе, хонандаи синфи 11-и Мактаби таҳсилоти умумии №49, Мардонов Абӯбакр, соли таваллудаш 1997, сокини ш. Душанбе, хонандаи синфи 11-и Мактаби таҳсилоти умумии №49, ва Нахимов Муҳаммад, соли таваллудаш 1997, сокини ш. Душанбе, хонандаи синфи 11-и Мактаби таҳсилоти умумии №49, азҷониби кормандони милитсияи н. Фирдавсии ш. Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти мазкур дастгир карда шуданд. Айни замон аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin