Тақаллубкор ба даст афтод
Ба Шуъбаи ВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 45-солаи сокини пойтахт дар он хусус муроҷиат намудаст, ки моҳи сентябри соли 2017, марди 26-солаи сокини ноҳияи Қубодиён бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 7500-сомониро гирифта ваъда медиҳад, ки писари 20-солаашро ба Донишҳи Тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мекунад, аммо то ҳол фиреб карда гаштааст.
Бо бурдани коркардҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия гумонбари ҷинояти қаллобии мазкурро дастгир намуданд.
Оид ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.