Тасдиқ шуд
Стратегия бо қабули Барномаи рушди милитсия дар солҳои 2013-2020, нақшаи амаликунонии он, ки иштирокчиёни он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти корҳои дохилӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолии кишвар, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои донор маҳсуб меёбанд ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ислоҳоти милитсия, амалӣ гардонида мешавад.
Стратегия дигаргуниҳои куллиеро, ки дар соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ва давлат ба амал меоянд, дар бар мегирад ва пешбинӣ менамояд.
Дар давоми зиёда аз 20 соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба вуқӯъ омад. Аслан ин тағйирот маънии ба вуҷуд омадани муносибатҳои ҷамъиятии сифатан навро дорад. Системаи ҳуқуқӣ ба таври ҷиддӣ тағйир ёфта истодааст, мувофиқан амалияи тақвияти ҳуқуқ низ дигаргун шуда истодааст. Айни замон дар Тоҷикистон марҳилаи дуюми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки ба таъмини волоияти қонун ва тақвияти қонуният, демократизатсия ва либерализатсияи пай дар пайи соҳаи судӣ-ҳуқуқӣ, тақвияти ҳокимияти судӣ бо мақсади ҳимояи боэътимоди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон равона гардидааст, амалӣ шуда истодааст.
Милитсия яке аз ҷузъи асосӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Тағйироте, ки дар фаъолияти судҳо, мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ ворид карда мешавад, ҳатман ба хусусияти фаъолияти қисмҳои дигари ин система, аз ҷумла ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва пеш аз ҳама, милитсия таъсир хоҳанд расонд. Аммо таҷрибаи мавҷудаи кори ин сохторҳо метавонад таъсири мусбии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро маҳдуд намояд. Аз ин сабаб ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ бояд ҳамзамон бо ислоҳот ва рушди милитсия, инчунин унсурҳои дигари системаи ҳифзи ҳуқуқ сурат гирад.
Ислоҳоти милитсия бояд қадами аввалине бошад, ки бо тағйироти муносиб дар фаъолияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ илова ва мукаммал гардонида шавад.
Стратегия аз ҷониби коршиносони миллӣ дар ҳамкории мутақобила бо Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон, дар асоси баҳодиҳии муштараки эҳтиёҷоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби гурӯҳи баҳодиҳии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар соли 2008 гузаронида шуда буд, инчунин Ёддошти Тафоҳуми байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз 8 апрели соли 2011 таҳия шудааст.
Ҳадаф ва вазифаҳои ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон
Ба ҳадафҳои ислоҳоти милитсия расидан аз он вобастагӣ дорад, ки нақши он дар ҷомеаи имрӯза чӣ тавр фаҳмида мешавад. Муносибатҳои муосир ба сифати вазифаҳои асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои манфии ҷинояткорӣ, инчунин ба вуҷуд овардан ва нигоҳ доштани муҳити иҷтимоии бехатарро пеш меоранд. Қобили қайд аст, ки чунин муносибат ба талаботи асосии ҷомеаи Тоҷикистон мувофиқат мекунад ва инро натиҷаҳои пурсишҳои афкори ҷомеа тасдиқ мекунанд. Дар иртибот бо ин, пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо ва нигоҳдории муҳити иҷтимоии бехатар бояд дар натиҷаи ислоҳоти милитсия яке аз афзалиятҳои асосӣ дар фаъолияти милитсия гарданд.
Тахмин меравад, ки афзалиятнок гардонидани вазифаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо бояд дар сохтори ташкилии милитсия, дар системаи баҳодиҳии фаъолияти он, дар системаи тайёрии касбӣ, инчунин дар усулҳои кории он инъикос ёбад. Мувофиқан зарур аст, ки чунин механизму расмияте ба вуҷуд оварда шаванд, ки дар доираи онҳо милитсия ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои иҷтимоӣ ва дигар хадамот кӯшишҳоро ҷиҳати нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ ва амният ба нақша гирифта тавонанду онҳоро амалӣ гардонанд.
Ба сифати яке аз меъёрҳои асосии баҳодиҳии фаъолияти милитсия дар таъмини амнияти шаҳрвандон чунин нишондиҳандаҳо, ба монанди кам кардани шумораи ҷабрдидагоне, ки аз кирдорҳои ҷинояткорона ҷабр дидаанд (виктимизатсия), коҳиш додани тарси ҷабр дидан аз ҷиноят, беҳтар гардонидани ақидаи шаҳрвандон нисбат ба кори милитсия мусоидат менамоянд, ба инобат гирифта мешавад.
Масъалагузорӣ ва ҳалли вазифаҳои профилактикӣ ҳамкории мутақобилаи зичро бо аҳолӣ пешбинӣ менамояд, ки он ҳамчун манбаи иттилоот дар бораи вазъи тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳамчун субъекте, ки ба амалигардонии тадбирҳои муайян ҷиҳати нигоҳдории тартибот ва амният қодир аст, мебошад. Бояд роҳҳои коммуникатсионие ба вуҷуд оварда шаванд, ки аз як тараф, барои аҳолӣ имконияти аз милитсия гирифтани иттилооти барои таҳияи стратегияи инфиродии рафтори бехатар зарурбударо фароҳам оранд ва аз тарафи дигар, ба шаҳрвандон имкон диҳанд, ки наҳаросида дар бораи таҳдидҳо ба амният хабар дода, дар ташаккулдиҳии вазифаҳои афзалиятнок оид ба нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ иштирок намоянд.
Асоси муваффақияти профилактикаи ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо мувофиқати чораҳои профилактикӣ ба шароити маҳаллӣ мебошад, зеро татбиқи чораҳои профилактикии якхела дар ҳудуди тамоми кишвар натиҷаи дилхоҳ намебахшад. Ҷузъу томҳои милитсия дар ҷойҳо бояд озодии интихоби шаклу усулҳои кореро, ки барои ҳудуди мазкур самаранок мебошанд, инчунин имконияти интихоб намудани шаклҳои мувофиқу самараноки ҳамкории мутақобила бо шаҳрвандон, сохторҳои давлатии марказиву маҳаллиро дошта бошанд.
Баланд бардоштани аҳамияти корҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунию ҷиноятҳо дар фаъолияти милитсия набояд боиси истиснои нақши он дар эътино намудан ба ҷиноятҳои содиршуда гардад. Дар ин робита, ин кор бояд ба баланд бардоштани сатҳи ҳимоя ва барқарорсозии ҳуқуқҳои шахсоне, ки аз тааррузи ҷиноятӣ ҷабр дидаанд, нигаронида шуда бошад. Аввалиндараҷа будани вазифаи ҳимояи шахсони аз ҷиноят ҷабрдида, тақвият додани корро ҷиҳати таъмини амнияти ҷабрдидагон ва наздикони онҳо, дар сурати сар задани таҳдидҳо, фароҳам овардани шароитҳоеро, ки ҷабрдидагонро ба ҳамкорӣ намудан бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ водор месозанд, инчунин таъмини амалигардонии ҳуқуқҳои мурофиавии ҷабрдидагон ва иштироки самараноки онҳоро дар расмиёти ҳуқуқӣ тақозо менамояд. Чун дар мавриди пешгирии ҳуқуқвайронкунию ҷиноятҳо, ин ҳадаф бояд ба таври мутаносиб дар системаи баҳодиҳии кори воҳидҳои милитсия, дар сохтори ташкилӣ, инчунин дар усулҳои кори он инъикоси худро ёбад.
Пешгирии вайронкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро аз тарафи кормандони милитсия низ ҳамчун яке аз ҳадафҳои ислоҳот арзёбӣ намудан зарур аст. Мувофиқан он ҷанбаҳои ташкили кори милитсияро, ки бештар ба сатҳи риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла системаи баҳодиҳии кори воҳидҳои милитсия, системаи пардохти музди меҳнат, системаи тайёрии касбӣ ва системаи ҷавобгарии милитсионерон таъсир мерасонанд, тасҳеҳ намудан зарур аст.
Вазифаи асосии милитсия дар ҷойҳо ин таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ҷамъият, ҳимояи манфиатҳои онҳо бо назардошти ормонҳои аҳолӣ аз кори милитсия бояд иборат бошад. Фаъолияти милитсия бояд бо назардошти хусусиятҳо ва эҳтиёҷоти воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ба нақша гирифта шуда, амалӣ карда шавад. Вазифаҳои асосӣ инҳо мебошанд: таъмини амнияти шахсият, амнияти муҳити маҳаллӣ, профилактикаи ҳуқуқвайронкуниҳо, ошкор кардан, огоҳонидан ва пешгирӣ намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ошкор намудан ва тафтиши ҷиноятҳо. Профилактикаи ҳуқуқвайронкуниҳо ва фароҳам овардани муҳити мусоиду бехатар дар воҳиди маъмурию ҳудудӣ бояд самти афзалиятноки фаъолияти милитсия дар ҷойҳо қарор дода шавад. Ҳалли ин вазифаҳо бояд дар ҳамкории мутақобила бо дигар хадамот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҷойҳо амалӣ карда шавад.
Ислоҳот ба он равона гардидааст, ки дар шуури ҷомеа симои иҷтимоии куллан нави корманди милитсияе, ки аз амалҳои коррупсионӣ холӣ аст ва ҳадафаш мусоидат намудан ба шаҳрвандон аст, ташаккул дода шавад.
Дар иртибот бо ин гуфтаҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дод, ки барномаи фарогири ислоҳоти милитсияро барои манфиати халқи Тоҷикистон оғоз намояд. Барномаи ислоҳоти мазкур аз нигоҳи тартиботи ҳуқуқии оянда дар Тоҷикистон, ки се принсипи роҳбарикунанда: ҳисоботдиҳӣ, мувофиқат ва тамоюл ба ҷомеаро дар бар мегирад, асос меёбад. Ин принсипҳо ҳадафҳои умумии раванди ислоҳотро муайян намуда, марҳилаҳои минбаъдаи банақшагирӣ ва амалигардонии стратегияи ислоҳотро ташаккул медиҳанд.
Принсипи якуми тартиботи ҳуқуқии демократӣ ин ҳисоботдиҳӣ мебошад, ки тарзи амал ё усулест, ки хадамоти милитсияи Тоҷикистон бояд онро дар фаъолияти худ кор фармояд. Шарти ҳисоботдиҳӣ фақат риоя намудани муносибати мартаботи (субординатсияи) як шахс, гурӯҳи шахсон ё ташкилот ба дигараш аст. Чунин муносибатҳои мутақобила, ки ба ӯҳдадории ҳуқуқӣ асос ёфтаанд ва бо муносибат нисбати ӯҳдадориҳо, талабот ба шахсони зертобеъ оиди пешниҳоди ҳисобот дар бораи фаъолияти худ ба шахси дигар муайян карда мешаванд, аз рўи зарурат тарзи амалисозии намудҳои муайяни фаъолияти онҳоро асоснок менамоянд. Барои ин зарур аст, ки хадамоти милитсия дар сатҳҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ ва ташкилӣ ба волоияти қонун, ҷамъият ва институтҳои ҳуқуқие, ки барои санҷиш ва назоратбарӣ масъул аст, тобеъ бошад.
Принсипи мазкур барои ҳар як воҳиди милитсия зарур мебошад. Дар сатҳи корпоративӣ ё инфиродӣ милитсия бояд фаъолияти худро мутобиқи талаботи қонун амалӣ намояд. Мувофиқи ин принсип милитсия бояд риояи қонунҳо, интизом, мувофиқат бо принсипҳои шаффофият ва мустақилиро намоиш диҳад. Қонун дар ҷамъияте, ки ба волоияти ҳуқуқ асос ёфтааст, ба ҳамаи шаҳрвандон баробар татбиқшаванда буда, бинобар ин, афсарону кормандони қатории милитсия ба монанди ҳамаи шаҳрвандон бояд барои амалҳои худ масъулияти шахсӣ дошта бошанд ва ҳамаи меъёрҳои қонунро пурра иҷро намоянд. Риояи ҳуқуқи инсон ва эҳтимолияти бегуноҳӣ (презумпсия) таҳкурсии муҳими фаъолияти боадолат ва холисонаи милитсия дар чорчӯбаи системаи адолати судӣ-ҷиноӣ ва маъмурӣ мебошад.
Принсипи дуюм ин – мувофиқат мебошад, ки ин маънои аз рўи мақсад будани мувофиқати байни арзишҳои милитсия ва ҷамъиятеро, ки милитсия дар он фаъолияти худро анҷом медиҳад, дорад.
Мувофиқи принсипи мазкур милитсия бояд ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориро бо аҳли ҷамъият таъмин намояд, чунки тартиботи ҳуқуқӣ беҳтар аз ҳама бо розигии аҳолӣ амалӣ карда мешавад. Барои ноил гардидан ба мақсадҳо ва вазифаҳои тибқи қонун вогузоргардида эҳтиром ва боварии мардум зарур аст, ки онро сазовор шудан лозим аст. Дар ҷамъияти демократӣ эҳтиром ва бовариро тавассути сохторҳои ташкилие, ки ба афзоиши боварии байни милитсия ва ҷамъият, инчунин барои сатҳи баланди касбият мусоидат менамоянд, ба даст овардан мумкин аст.
Ба сифати чунин сохторҳо дар сатҳи маҳаллӣ шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкории мутақобила бо милитсия, дар сатҳи миллӣ бошад, дар ҳар як воҳиди маъмурию ҳудудӣ – Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҳайати Гурӯҳи идораи ислоҳоти милитсия ташкил дода мешаванд.
Дар чорчӯбаи ислоҳот ниҳоят муҳим аст, ки хидмати милитсия ҷомеаеро, ки ба он хизмат мекунад, инъикос намояд. Ҳайати шахсии милитсияи Тоҷикистон, ҳам афсарӣ, ҳам қаторӣ бояд ҳадди аксари табақаҳои ҷамъиятро инъикос намояд. Ин кор таъмини мутобиқи сифатҳои касбӣ ва ниёз ба мутахассисон дар воҳиди минтақавии мушаххас бо дарназардошти имконоти ҳалли талаботи иҷтимоӣ ба хизмат гирифтанро тақозо менамояд. Гузаронидани бакоргирии кормандонро аз ҳисоби хатмкунандагони тамоми мактабҳои олӣ, ҷавонон аз рӯи хислатномаҳои шахсӣ ва касбӣ ҷорӣ намудан лозим аст.
Милитсияи Тоҷикистон масъалаи бартарафсозии коррупсияро дар ҳамаи сатҳҳо ҳал менамояд. Аз тарафи кормандони алоҳида истифода бурдани вазифа бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ боварии ҷамъиятро ба поктинатии тамоми ҷузъу томи милитсия сахт коста месозад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон коррупсияро дар милитсия ҳамчун хатари воқеӣ ба демократия, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқи инсон меҳисобанд, барои ҳамин усул ва воситаҳои нави муборизаро бо коррупсия меофаранд ва ҷорӣ менамоянд.
Дигаргуниҳои назаррас дар фарҳанги тартиботи ҳуқуқӣ назар ба дигар хислатномаҳои ҷараён зиёдтар баҳои танқидии ислоҳотро барои аҳли ҷомеаи Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Фарҳанги тартиботи ҳуқуқӣ арзишҳои бартариятдошта, муносибат ва симои коллективии милитсияро инъикос менамояд. Ин ба рафтор дар ҷои кор ва ахлоқи афсарону кормандони қатории милитсия тааллуқ дорад. Афсарон ва кормандони қатории милитсия арзишҳои умумибашарии худро ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизматиашон зоҳир менамоянд, пас, натиҷаи кори онҳо нишондиҳандаи муҳими тағйирот дар ташкили хизмати милитсия мебошад.
Муайян намудани самтҳои фаъолияти милитсия ба ҷомеа ин маънои онро дорад, ки ташкили хизмати милитсияи Тоҷикистон ба талаботи ҷомеа нигаронида шудааст. Хадамоти ба ҷомеа нигаронидашуда муваффақиятро бо дараҷае андозагирӣ менамояд, ки дар он дастовардҳо ва натиҷааш талаботи ҷомеаро қаноатманд менамояд. Ин принсип талаб мекунад, ки ташкили хадамот ба пешниҳоди хадамот оид ба таъмини вазифаҳо нигаронида шавад, яъне тавоноии мустақилона муайян намудан ва иҷрои фаъолияти оперативӣ-хизматиро дошта бошад, барои ин дорои ваколатҳои мустақил бошад ва ба мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва трансмиллӣ зиёдтар таваҷҷӯҳ зоҳир намояд. Гузаронидани ваколатҳо оид ба идоракунии фаъолияти милитсия ба сатҳи маҳаллӣ, ба ҷараёни қабули қарорҳо нисбати масъалаҳое, ки ба ҷомеа таъсир мерасонанд, тақвият мебахшад, ҳамзамон сохтори ягонаи ташкилиро дастгирӣ менамояд.
Вобаста ба эҳтиёҷоти ҷомеа ва милитсия дар ҳама марҳилаҳои давраи ислоҳот вазифаҳои стратегии асосӣ инҳо мебошанд:
– баланд бардоштани сатҳи таҳсил ва маҳорати касбии ҳайати шахсӣ бо роҳи ҷорӣ намудани системаҳои пешрафтаи таълим, тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кормандон;
– тақвият додани ҳамкории мутақобила бо аҳолӣ, ҳалли мушкилот, пешгирии ҷиноят ва мувофиқан баланд бардоштани боварии ҷомеа ба милитсия;
– ихтисори такроршавии функсияҳо;
– таҷдиди сохтори ташкилию идоракунӣ;
– ба дигар идораҳо таҳвил додани функсияҳои ба милитсия хоснабуда;
– коҳиш додани хатар ва омилҳои коррупсионии ҷойҳои корӣ ва мансабҳо;
– беҳтаргардонии сати маблағгузорӣ, аз ҷумла пардохти музди меҳнати кормандони милитсия бо назардошти муҳимият, хавфнокӣ, мураккабӣ ва вазнинии вазифаҳои аз тарафи ӯ иҷрошаванда;
– такмили асосҳои қонунгузорӣ.
Асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои ислоҳоти
милитсия
Барои расидан ба ҳадафҳо ва ҳалли вазифаҳои дар Стратегия муайяншаванда ба вуҷуд овардани асосҳои ҳуқуқии дахлдорро тақозо менамояд.
Мутобиқи муқаррароти Стратегияи мазкур ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба такмили механизмҳои ҳамкории мутақобилаи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллии дар амалигардонии самтҳои афзалиятноки ислоҳоти милитсия равона шудаанд, зарур мебошад. Дар ин робита гузаронидани баҳодиҳии қонунҳо, низомномаҳо, дастурамалу фармонҳои амалкунандае, ки фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро ба танзим медароранд, ҷиҳати мувофиқати талаботи онҳо ба тағйироти дар мақомоти корҳои дохилӣ суратгирифта, ки пеш аз ҳама ба ҳимояи шаҳрвандон ва ҳуқуқҳои онҳо, рушди мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун институти демократӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ нигаронида шудаанд, зарур мебошад.
Бояд вобастагии мутақобилаи ислоҳоти милитсия, адолати судии ҷиноӣ, ислоҳоти маъмурӣ ва ислоҳоти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ таъмин карда шавад: ислоҳоти милитсия дар доираи тасҳеҳи сиёсати давлат дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба амал омада, ба ҷараёни ислоҳоти маъмурӣ ва судӣ-ҳуқуқӣ ворид карда шудааст, ҳамчунин хусусиятҳои ҳолати кунунии иқтисодиёт, идоракунии давлатӣ, инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Бояд таҳлил ва баҳисобгирии стандартҳои муосири фаъолияти милитсия ва ислоҳоти он дар дигар давлатҳо анҷом дода шавад. Ҳангоми гузаронидани ислоҳоти милитсия стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи политсия, таҷрибаи давлатҳои дигар, аз он ҷумла давлатҳое, ки дар онҳо ба наздикӣ ислоҳоти дахлдор гузаронида шудааст, ба назар гирифта мешаванд.
Раванди ислоҳоти милитсия бояд шаффоф ва оммавӣ бошад. Он ба вуҷуд овардани механизмҳои гуногунеро, ки муҳокимаи ошкоро ва оммавиро дар тамоми давраи ислоҳот нигоҳ медоранд, пешбинӣ менамояд. Доираи муҳокимарониҳо ва қабули қарорҳо бояд ба шаҳрвандон имконияти мустақиман ё бавосита иштирок намудан дар муҳокимаи рафти ислоҳот дар марҳилаҳои гуногуни он, имконияти ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани хоҳишҳо ва пешниҳодоти худро вобаста ба ин мавзӯъ, имконияти назоратбарии баҳисобгирии дархости ҷамъиятиро нисбат ба ислоҳоти милитсия фароҳам орад.
Ислоҳот муқаррарсозии марҳилаҳоро бо нишон додани мӯҳлат ва натиҷаҳои пешбинишуда амалӣ менамояд. Дар марҳилаи аввал омода намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия», ки қабули он боиси ба вуҷуд омадани тағйирот дар номи милитсия, муайянсозии функсия ва вазифаҳои асосии милитсия, тағйирёбии сиёсати кадрӣ, ки дар фосилаи кӯтоҳи вақт гузаронида мешаванд, ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин маврид принсипҳои зерин бояд таъмин карда шаванд:
Принcипи мустақилияти милитсия. Ин маънои ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ танҳо ба қонун итоат кардани милитсияро дорад. Тартиби озмунии таъин намудан ба вазифаҳо дар милитсия ҷорӣ карда мешавад. Меъёрҳои нави интихоби кормандон барои онҳое, ки нав ба хизмат дар милитсия ворид мешаванд, таҳия гардида, системаи ба вазифаҳои холӣ таъин намудан (эълон дар бораи вазифаи холӣ, таъмини иштироки ҳамаи хоҳишмандон дар интихоби озмунӣ, омӯзиши пешакии парвандаи шахсӣ, интихоби озмунӣ ва таъин намудан ба вазифа ба роҳ монда мешавад. Шаффофият дар пуррагардонии ҳайати шахсӣ ба он мусоидат менамояд, ки корманди милитсия бо худтакмилдиҳии доимӣ – баланд бардоштани маҳорати касбии худ машғул мешавад.
Пешравӣ аз рӯи хизмат бояд ба ҳавасмандгардонии ташаббус, озодандешии пешрафта, ба сабқат ва сифатҳои шахсӣ асос ёбад. Боварии ҷамъият ба маҳорати касбӣ ва мустақилияти кормандони милитсия ба афзудани нуфузи милитсия оварда мерасонад.
Риояи меъёрҳои одобу ахлоқ бояд қисми ҷудонопазири фаъолияти касбии корманди мақомоти корҳои дохилӣ гарданд. Дар иртибот бо ин, муҳокимаи васеъ ва қабули кодекси одоб, ки дар мисоли «Кодекси аврупоии одоби политсия» ва кодексҳои одоби политсияи кишварҳои дигар асос ёфтааст, зарур шуморида мешавад.
Принсипи иштироки ҷамъиятӣ дар фаъолияти милитсия: барои шаҳрвандон ба вуҷуд овардани милитсияи шаффоф, таҳияи механизмҳо ва таъмини иштироки ҷомеаро чӣ дар вазифагузорӣ дар назди милитсия ва чӣ дар баҳодиҳии иҷрои онҳо пешбинӣ менамояд. Бахусус, ҷомеа бояд хароҷоти асосии буҷетӣ оид ба маблағгузории милитсия, аз ҷумла оид ба таъминоти пулии кормандони милитсияи ҳама сатҳро донад.
Ғайр аз ин, зарур аст:
– тамоми милитсия бо иттилооти аёнӣ дар бораи ҳуқуқҳои дастгиршудагон ва ҳуқуқҳои инсон ба пуррагӣ таъмин карда шавад;
– дар тамоми мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилооти аёнӣ дар бораи ҳуқуқҳои дастгиршудагон ва одоби муошират бо шаҳрвандон муҷаҳҳаз гардонида шаванд;
– ҳамаи санадҳои зерқонуние, ки ҳуқуқҳои инсонро маҳдуд мекунанд, интишор карда шаванд;
– барои аҳолӣ шаффоф ва дастрас будани иттилооти ҳисоботии милитсия дар ҳама сатҳ таъмин карда шавад;
– шаффофияти ҷисмонии қисмҳои навбатдорӣ, ҳамаи шӯъбаю бахшҳои милитсияе, ки дар онҳо робитаи мустақими кормандони милитсия бо шаҳрвандон сурат мегирад, таъмин карда шавад;
– дар кӯчаҳои нуқтаҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон зерсохтори нишонаҳо ва эълонҳо дар бораи маҳалли ҷойгиршавии шӯъбачаҳои наздиктарини милитсия ба роҳ монда шавад. Дастрасии аҳолӣ ба ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилӣ, ба ғайр аз он санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегиранд, таъмин карда шавад;
– бо мақсади эмин гардонидани кормандони милитсия ва шаҳрвандон аз даъвоҳои мутақобила ва имконоти содир намудани ҷиноят аз ҳар ду ҷониб, системаи мушоҳидаи видеоии фаъолияти милитсия дар дохили биноҳои милитсия дар амал ҷорӣ карда шавад.
Принсипи тақсимоти (ҷудокунии) функсияҳо ва истиснои функсияҳои такроршаванда (принсипи назорати мутақобила) ин ба таври мушаххас тақсим кардани функсияҳоро байни мақомоти давлатии гуногун пешбинӣ менамояд. Аз системаи милитсия бояд функсияҳое, ки вазифаҳои дигар идораҳоро такрор мекунанд, истисно карда шаванд. Дар баробари ин, функсияҳои назоратбарии фаъолияти ин идораҳо ба зиммаи Вазорати корҳои дохилӣ вогузоршуда боқӣ хоҳанд монд. Ҳамзамон, бо назардошти вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва шароитҳои иҷтимоӣ бояд комилӣ ва ягонагии системаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамбастагии тобеияти амудӣ бо васеъ гардонидани мустақилияти мақомоту воҳидҳои поёнии милитсия, ки ба тақсимоти босамари ҳаҷми функсияҳо, мушаххасгардонии онҳо ва тақсимот байни ҳалқаҳои гуногуни система асос ёфтааст, таъмин карда шаванд.
Дар гузаронидани ислоҳоти милитсия бояд муносибати ғайриидоравӣ таъмин карда шавад, яъне барои банақшагирӣ, амалигардонӣ ва натиҷаҳои ислоҳот Ҳукумат масъул аст.
Ҳамкории мутақобилаи милитсия бо аҳолӣ, ҷомеаи
шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои
ахбори омма
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳони фаро гирифтани ғояи мутобиқати фаъолияти милитсия ба манфиатҳои ҷомеа зери шиори «Милитсия – ин халқ (мардум) аст ва (мардум) халқ – ин милитсия» мебошад. Ин ҷумлаи ба назари аввал оддӣ моҳияти принсипи мутобиқатро ба тартиботи ҳуқуқии демократӣ ифода менамояд. Ин мутобиқат сифати муҳими муносибатҳои мутақобилаи афсарон ва кормандони қатории милитсияро бо ҷомеае, ки ба он хизмат мекунанд ва бахусус, қобилияти онҳоро дар нишон додан ва ҳимоя намудани арзишҳои ҷомеа дар он соҳаҳое, ки ба тартиботи ҳуқуқӣ дахл доранд, ифода мекунад.
Милитсия бояд то ҳадди ниҳоӣ барои аҳли ҷомеа шаффоф бошад, зеро омодагӣ ба ифшои иттилоот, ба истиснои иттилооти махфӣ ва пинҳонӣ, дар бораи фаъолияти милитсия барои таъмин намудани боварии ҷамъият муҳим аст.
Воситаҳои ахбори омма – ин оинае мебошад, ки дар он тамоми равандҳои дар ҷомеаи демократӣ бавуқӯъоянда, ки Тоҷикистон аз шумули он аст, инъикос меёбанд. Қатъи назар кардан аз андешаҳои танқидии воситаҳои ахбори омма дар фаъолияти мақомоти тартиботи ҳуқуқӣ ва нодуруст тафсир кардан ё ба эътибор нагирифтани он ҷоиз нест. Бинобар ин, доштани маданияти ошкоро дар муносибати байни милитсия ва воситаҳои ахбори омма зарур аст, ки онро бояд ба воситаи гузаронидани омӯзишҳо барои афсарон оид ба кор бо воситаҳои ахбори омма ва инчунин мушаххас муайян намудани нақши намояндагони милитсия оид ба ҳамкории мутақобила бо аҳли ҷомеа, таъмин намуд.
Дар ҷомеаи демократию мутамаддини муосир хизмат дар милитсия ақлу хиради комил, фарҳанги ботинӣ, қавииродагию далерӣ ва пеш аз ҳама, хоҳиши сидқан хизмат намудан ба шаҳрвандон, ба манфиати шахсият, давлат ва ҷомеа дар умумро талаб менамояд. Милитсия ҳангоми зарурат аз усулу воситаҳои қудратии кофӣ истифода намуда, бояд сатҳи зиндагии шаҳрвандонро беҳтар гардонад; ҳолатҳоеро, ки дар онҳо ба кор бурдани маҷбуркунии ғайрирасмӣ дар шакли тавсия додан ё огоҳ кардан ба ҷойи ҳабс ё таъқиб зарур аст, фарқ карда тавонанд; ҳамеша бидуни таассуб, бо ҳисси ҳамдардӣ дар таносуб будан бо шаҳрвандон ҳамчун аъзои оилаи худ ва мувофиқи стандартҳои этикии баландтарин ба қадри имкон амал намоянд.
Милитсия бояд ба хадамоти хизматрасонии шабонарӯзии мунтазам бо доираи васеи хизматрасониҳои иҷтимоӣ мубаддал гардад. Аз ҷониби милитсия пешниҳод намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ, кӯмаки таъҷилии тиббӣ ва психологӣ, ҷустуҷўи одамони гумшуда, кӯмак ба ронандагоне, ки дар роҳ дар вазъияти душвор мондаанд ва ҳатто наҷот додани ҳайвонотро пешбинӣ менамояд. Ғайр аз ин, аз ҷониби милитсия нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ фаъолияти зеринро дар бар мегирад: дахолати ҳуқуқӣ, психологӣ ва педагогӣ, ҳал кардани низоъҳои оилавӣ ва маишӣ, таъмини ҳаракати нақлиёт, назорат аз болои сатҳи садо ва таъмини амнияти экологӣ, барканор намудани вайронкунандагони тартибот аз ҷойҳои ҷамъиятӣ.
Бо мақсади муваффақ шудан ба интизориҳои ҷомеа хадамоти милитсия бояд фаъолона бо ҷамъият баҳри муайян намудани афкори онҳо дар муошират бошанд. Милитсия бояд тартиботи ҷамъиятиро ба тавре, ки онро худи ҷамъияти ҳифзшаванда хоҳон аст, ҳифз намояд.
Ҷузъи муҳими табдил додани милитсия ба «хизмат барои мардум» ба мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пешниҳод намудани имконияти фаъолона иштирок кардан дар баррасии масъалаҳои ба амнияти онҳо ва тартиботи ҳуқуқӣ дахлдошта мебошад (аз он ҷумла, аҳолии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, биноҳои истиқоматии бисёрхонадор оид ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ барои худ тадбирҳо амалӣ менамоянд, масалан – дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани ӯҳдадориҳои падару модар, мубориза бар зидди беназоратии кӯдакон, вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ, вайронкунии меъёрҳои ахлоқ, муносибатҳои мутақобила ва ғайра, ки ба он худи аҳолӣ манфиатдор мебошанд). Ин амал ба эътироф намудани он, ки дар сурати дар алоҳидагӣ амал намудан, милитсия дар танҳоӣ ба пурра ҳаллу фасл намудани ҳамаи мушкилоти ба амнияти аҳолӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа монеъшаванда қодир нест ва он ба робитаҳои корӣ бо аҳолӣ манфиатдор аст, асос ёфтааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҷомеа ба як қисми хизмати милитсия табдил меёбад, балки сухан дар бораи ташкил намудани заминаи ҳамкорие меравад, ки ба саҳмгузор шудани гурӯҳҳои аҳолӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар нуқтаи аҳолинишин имконият ва шароит фароҳам меорад. Ҳар як ҳолати эътино намудан ба ҳуқуқи поймолшуда ва барқарорсозии он омили афзункунандаи иқтидори ҳамкории милитсия ва аҳолӣ маҳсуб меёбад.
Ба ғайр аз шаклҳои дар амалия ҷамъоваришуда ва санҷидашудаи фаъолияти оперативӣ-хизматӣ вобаста ба ҳамкории мутақобила бо ҷомеа (дружинаҳои ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии ошкоро, ғайриошкоро ва дигарон) дар назди Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати корҳои дохилӣ дар вилоятҳо Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия таъсис хоҳанд ёфт.
Дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо иштироки ташкилотҳои манфиатдор Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа таъсис дода мешавад, ки ба он намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз қабили ҳуқуқшиносон, адвокатҳо ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ дохил карда мешаванд, муносибати мутақобиларо (ҳамкориро) байни милитсия ва ҷомеа инкишоф дода, мушкилиҳои ҷомеаро барои пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва таъмини амният барои беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ ҳал менамояд.
Ҳудудгузории ваколатҳои милитсия, муқаррарсозии
салоҳияти он дар системаи мақомоти ҳокимият
ва идораи давлатӣ
Милитсия фаъолияти худро зери роҳбарии Вазорати корҳои дохилӣ амалӣ менамояд.
Вазорати корҳои дохилӣ барои милитсия ҷиҳати иҷрои вазифаҳои бо Қонун муайяншуда, ки барои онҳо пурра ҷавобгар аст, мустақилияти кофии оперативӣ-хизматиро таъмин менамояд.
Вазорати корҳои дохилӣ зарур мешуморад то милитсия фаъолияти худро ба воситаи сохторҳои муайяни идоракунӣ тарзе амалӣ намояд, ки ҳамеша муайян намудани он, ки кадом шахси роҳбарикунанда дар ниҳояти кор барои амалҳо ва камбудиҳои ҳайати шахсӣ ҷавобгар аст, имконпазир бошад. Гарчанде Вазорат принсипи асосиеро, ки тибқи он тамоми ҳайати шахсӣ барои амалҳои худ ҷавобгар аст, ба эътибор мегирад, ҳамчунин далелеро, ки афсарони вазифаҳои роҳбарикунандаро ишғолнамуда барои додани фармону дастурҳо ҷавобгар хоҳанд буд, эътироф менамояд. Роҳбарон бояд дар баробари афсарон ва кормандони қаторӣ, ки бевосита фармонҳоро бе истисно дар ҳама ҳолатҳо иҷро менамоянд, ҷавобгар бошанд.
Вазорат чунин сохтори идоракуниеро таъсис медиҳад, ки барои самаранок амалӣ намудани назорати амалҳои кормандони милитсия имкон медиҳад. Дар иртибот бо ин, кормандони милитсия фармонҳои роҳбарони худро иҷро мекунанд, вале онҳо вазифадоранд аз иҷрои фармонҳои мухолифи қонун, ба мисли поймол гардидани шаъну шарафи инсон ва хатари ҳаёти инсонро дорад, худдорӣ намоянд. Кормандон вазифадоранд дар бораи чунин фармонҳои ғайриқонунӣ бидуни андешаи муҷозот дар кадом шакле набошад, хабар диҳанд.
Вазорат дар ҳамбастагӣ бо ҷамъият аз ҳар як ҳолати пинҳон доштани ҷавобгарии шахсии афсарон ва кормандони қаторӣ аз ҷониби сохторҳои милитсия барои поймол намудани ҳуқуқҳои инсон ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ канораҷӯӣ намуда, ҳар як ҳолати поймол гардидани ҳуқуқи инсонро муҳокима менамояд. Мустақилияти оперативӣ-хизматии милитсияи Тоҷикистон масъулияти махсусро дар бар мегирад: кормандон бояд барои амалҳои худ, хоҳ он додани фармон бошад ва хоҳ иҷрои фармон ё амал бо ташаббуси худ, ҷавобгар бошанд.
Дар доираи фаъолияти мазкур Вазорат воҳидҳои милитсияеро таъсис медиҳад, ки онҳо маҳорати касбиро дар милитсия тақвият ва инкишоф медиҳанд ва хадамоти милитсияро ба мақоми шаффофи хизмати давлатӣ мубаддал мегардонанд. Аз воҳидҳо низ талаб карда мешавад, ки хадамоти милитсияро ҳамчун мақомоти шаффофи хизмати давлатӣ инкишоф диҳанд. Вазорати корҳои дохилӣ хусусияти фарқкунандаи милитсияи Тоҷикистонро ҳамчун қисми ҷомеаи шаҳрвандӣ таъкид намуда, дар баробари ин хусусиятҳои ба мақомоти нигоҳдорандаи тартиботи ҳуқуқӣ ва дорои ваколатҳои татбиқи ҳуқуқ хосбударо нигоҳ медорад. Дар ин маврид милитсия аз функсия ва вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ фарқ карда, ҳамчун ҷузъи системаи адолати ҷиноятӣ, ки мақсади он аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ иборат мебошад, ташаккул меёбад. Барои ноил шудан ба муваффақият дар ин соҳаҳо, милитсия то андозае, ки имкон дорад, бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамгироӣ менамояд ва кормандони он худро ҳамчун «шаҳрвандон дар либоси расмии махсус ва дорои ваколатҳои махсус» хоҳанд дид.
Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амният бо тамоми мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, инчунин бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ менамояд ва дар ҳолатҳои зарурӣ амалҳои мутақобиларо анҷом медиҳад. Ҳамзамон, Вазорати корҳои дохилӣ (функсияҳои ба худ хоснабударо ба вазорату идораҳои соҳавӣ таҳвил дода), ҷалби кормандони милитсияро ба иҷрои танҳо функсияҳои мустақиман бо қонун пешбинишударо танзим хоҳад кард.
Салоҳияти Вазорати корҳои дохилӣ нисбат ба милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зеринро дар бар хоҳад гирифт:
– банақшагирӣ, истифодабарӣ ва назорат аз рӯи хароҷотҳои маблағҳои ҷудошудаи буҷетӣ, аз он ҷумла хароҷотҳои сармоягузорӣ (инвеститсионӣ), инчунин хароҷотҳои муассисаҳои зертобеъбуда;
– таъин намудани роҳбарони воҳидҳои марказӣ ва минтақавии милитсия;
– таҳияи стратегияҳои миллӣ оид ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди терроризм, коррупсия, ҷиноятҳои муташаккил ва махсусан хавфнок, хариду фурўши одамон ва маводи нашъаовар ва дигар масоили амният, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа мебошанд, мутобиқи афзалиятҳои давлат дар сатҳи марказӣ ва маҳаллӣ;
– рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар мубориза бар зидди ҳама гуна шаклҳои терроризм, ҷинояткории муташаккил ва фаромарзӣ, хариду фурўши одамон, инчунин дар баррасии масоили ба милитсия дахлдошта;
– қабули дастурҳо оид ба масъалаҳои инкишоф, принсипҳои асосии ташкилӣ, кадрӣ ва ғайраи кори милитсия;
– роҳбарони милитсия бо тартиби муқарраргардида дар назди роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар асоси доимӣ ва бо талаби махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи кори милитсияи Тоҷикистон ва тамоми масоиле, ки иҷрояшон ба доираи ӯҳдадориҳои онҳо дохил мешавад, ҳисобот медиҳанд;
– Вазорати корҳои дохилӣ ҳисоботдиҳии милитсияро аз номи ҷамъият ва давлат таъмин намуда, таъмини кори самаранок ва натиҷабахшро барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда, талаб менамояд. Вазорат ин функсияҳоро ба воситаи сохторҳои ташаккулдодаи Дастгоҳи марказии Вазорат ба иҷро мерасонад.
Сохтори мақомоти милитсия. Идоракунии милитсия
Идоракунии милитсия ва сохти дастгоҳи ташкилию сохтории он мутобиқи се сатҳи салоҳияти маъмурию ташкилӣ амалӣ карда мешавад:
Сатҳи аввал – сатҳи салоҳияти стратегӣ (роҳбарияти ВКД, мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ).
Сатҳи дуюм – сатҳи ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии фаврӣ (Сарраёсатҳои милитсия ва раёсатҳои Дастгоҳи марказии Вазорат, сарраёсат ва раёсатҳои минтақавии милитсия).
Сатҳи сеюм – сатҳи фаъолияти оперативӣ-хизматии амалӣ ва иҷро (раёсатҳо, шӯъбаҳо, шӯъбачаҳо ва бахшҳои ноҳиявӣ, шаҳрию деҳоти милитсия).
Роҳбарии тамоми милитсияро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамзамон сардори милитсияи Тоҷикистон мебошад, амалӣ менамояд.
Дар сатҳи минтақавӣ роҳбарии фаъолияти милитсияро сардорони сарраёсатҳо, раёсату шӯъбаҳои милитсия амалӣ менамоянд. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани сардорони Академия, Сармарказ, Сарраёсат ва раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сарраёсатҳои милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раёсату шӯъбаҳои милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо, милитсия дар нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Дар сатҳи идоракунии стратегӣ қарорҳо қабул карда мешаванд ва фармонҳои хусусияти дастурӣ ва меъёридошта оид ба иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, мақсад ва вазифаҳои фаъолияти милитсия муайян карда мешаванд.
Дар сатҳи роҳбарии тактикӣ қарорҳои хусусияти ташкилидоштаро оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти оперативӣ-хизматии сохторҳои поёнӣ қабул карда мешаванд, фаъолияти онҳоро таҳлил намуда, роҳҳои гуногуни амалиёт ва ғайраҳо тавсия дода мешавад.
Сатҳи сеюм фаъолияти бевоситаро оид ба иҷрои вазифаҳои милитсия амалӣ менамояд.
Чунин тақсимоти салоҳият пешбинӣ менамояд, ки сатҳҳои якум ва дуюми идоракунӣ ба иҷрои вазифаҳои оперативӣ-хизматӣ танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ҷалб карда мешаванд, фаъолияти онҳо дар навбати аввал ба ташкили идоракунии қувва ва воситаҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳо равона мегардад. Ин дар навбати худ, дар сатҳҳои мазкур ҷамъ овардани кормандони бештар ихтисоснок ва ихтисори шумораи кормандони сатҳи ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии оперативиро талаб менамояд.
Маҳорати касбӣ дар кори милитсия. Корҳои кадрӣ
дар милитсия: интихоб, омодасозӣ, қабул ба кор ва
пешрафт дар хизмати кормандон
Вазорати корҳои дохилӣ расмиётро оид ба пурра намудани ҷойҳои корӣ, ки ба принсипҳои беғаразона ва ғайритабъизӣ асос ёфтааст, ҷорӣ менамояд ва аз ҳисоби интихоби қатъии номзадҳо таъмин карда мешаванд. Илова бар ин, сиёсати Вазорат ба ҷалб намудани мардон ва занон аз ҳамаи табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла ақаллиятҳои этникӣ, инчунин барои расидан ба мақсади умумии таъсиси хадамоти милитсияе, ки ҷавобгӯи талаботи ҷомеа мебошад, равона хоҳад шуд. Расмиёти интихоби номзадҳо ба хизмат бояд ҳар чӣ бештар барои милитсия судманд бошад. Вазорат барои «интихоби пешакии ҳатмӣ»-и номзадҳо баромад хоҳад кард, яъне кафолат медиҳад, ки милитсия маълумотро оид ба номзадҳо фаъолона омӯзад.
Вазорат чунин мешуморад, ки занон дар милитсия ба қадри кофӣ намояндагӣ намекунанд ва ин бештар дар байни ҳайати роҳбарикунанда аён аст. Ҳамин гуна вазъият дар умум метавонад нисбат ба гурӯҳҳои ақаллиятҳо, аз ҷумла ба ақаллиятҳои этникӣ хос бошад. Ҳамчунин Вазорат бар он ақида аст, ки муносибатҳои байни милитсия ва аҳолӣ боз ҳам муфидтар мегарданд, агар намояндагӣ дар ҳайати милитсия ба таркиби ҷомеа бештар мувофиқат намояд. Ин гуна сиёсат ба тақвият додани самаранокӣ ва натиҷабахшии фаъолияти милитсия мусоидат намуда, дастгирии зиёди ҷамъиятиро таъмин месозад.
Номзадҳои милитсия ҳангоми дохил шудан ба кор дар ҳама гуна сатҳ, бояд дар асоси сифатҳои шахсӣ ва таҷрибаашон тибқи ҳадафҳои қонунии хизмат дар милитсия ба кор қабул карда шаванд. Вазорат интихоби танҳо кормандони барои милитсия мувофиқро таъмин менамояд, аз ин лиҳоз, ҷараёни интихоб бояд танҳо ба меъёрҳои холисона асос ёбанд. Маълумотҳои шахсӣ бояд бо ҳадафҳои милитсия, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» муайян хоҳанд шуд, мувофиқа карда шаванд. Барои пурратар омӯхтани мувофиқати номзад барои хизмат дар милитсия ӯ дар мӯҳлати аз 3 то 6 моҳ коромўзӣ менамояд, ки дар рафти он аз курсҳои ибтидоии таълими касбӣ, мутобиқшавӣ ба хизмат дар вазифаи ҳозира, имтиҳон месупорад ва аз рўи натиҷаҳои коромўзӣ барои адои хизмат вобаста ба вазифаи дахлдор аз аттестатсия гузаронида мешавад.
Вазорати корҳои дохилӣ барои номзадҳо ба хизмат дар милитсия стандартҳои баландро муқаррар менамояд. Вазорат талаб хоҳад кард, ки кормандони милитсия имконияти нишон додани фикру ақидаи солим, адолатпарварӣ, камолот, малакаи хуби муошират ва ҳангоми зарурат, сарварӣ ва малакаи идоракуниро дошта бошанд. Ғайр аз ин, кормандони милитсия бояд фаҳмиши хуби масоили фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ҷамъиятиро нишон диҳанд. Чунин малакаву маҳорати иловагии асосӣ ва муносибат ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ барои кормандони милитсия аҳамияти муҳим доранд.
Вазорат эътироф мекунад, ки шахсони барои содир кардани ҷиноят маҳкумшуда, тибқи тартиби мукарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз кор хориҷ карда шаванд ё ин ки ба хизмат дар милитсия роҳ дода нашаванд. Чунин сиёсат дар қонун пешбинӣ гардида, ба сифати меъёри камтарин нисбат ба ҳамаи номзадҳо, коромўзон ва ҳайати кормандони амалкунандаи милитсия татбиқ карда мешавад. Илова бар ин, гарчанде далели айбдоркуниро ҳамчун меъёри камтарин барои барканор намудани номзадҳо ва ҳайати кормандон аз кор дар милитсия арзёбӣ кардан мумкин бошад ҳам, имкони хориҷ намудани номзадҳо ё кормандон, дар сурати ҷой доштани ваҷҳҳои асоснок барои тахмин кардан, дар тарҷумаи ҳолаш мавҷудияти далелҳоеро, ки ба номи корманди милитсия иснод меоваранд, истисно карда намешавад. Ҳамин гуна қоида нисбат ба номзадҳое, ки хешовандони наздикашон дар содир намудани ҷиноятҳои қасдона гунаҳкор эътироф шудаанд, агар ин ба обрўю нуфузи шахсе, ки баъдан милитсияро намояндагӣ мекунад, таъсир расонад, муқаррар карда мешавад.
Вазорати корҳои дохилӣ эътироф менамояд, ки тайёркунии касбӣ барои кормандони милитсия бояд ба арзишҳои бунёдии демократия, волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд асос ёбад. Бар замми ин, омӯзиш бояд мутобиқи ҳадафҳои қонунии милитсия, тавре ки онро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» талаб мекунад, таҳия карда шавад. Вазорат эътироф мекунад, ки милитсия ба сифати ҳимоятгари ҷомеае, ки ба он хизмат мекунад, нақши пешоҳангро мебозад ва дар ин робита, кормандони милитсия низ бояд бо он арзишҳо ва принсипҳои асосии давлати демократие, ки ба он хизмат мекунанд, ҳамраъй бошанд. Вазорат эътироф мекунад, ки таълим бояд барои парваридани арзишҳои демократӣ дар милитсия мусоидат намояд.
Вазорати корҳои дохилӣ хоҳони он аст, ки тайёрии умумии кормандони милитсия нисбат ба ҷамъият то ҳадди аксар ошкоро бошад, ба истиснои низоме, ки нигоҳ доштани махфиятро талаб мекунад. Азбаски хизмат дар милитсия айни замон ба иҷрои вазифаҳо бо дастгирии ҷамъият равона гардидааст, он бояд дорои ҳайати кормандони худ бошад, ки дар муҳити ҳар чӣ бештар ба воқеияти иҷтимоӣ наздик буда таълим гирифта бошад.
Агар барои намудҳои алоҳидаи таълими махсусгардонидашуда истиқомат дар хобгоҳҳои намуди казармавӣ талаб карда шавад, он гоҳ тайёрии милитсия дар Тоҷикистон бояд аз рӯи имконият дар шароити муқаррарӣ бо истиқомат кардан дар хобгоҳҳо ё дар ҳуҷраҳои хизматӣ гузаронида шавад.
Вазорат ҳамчунин яке аз меъёри ҳавасмандкунӣ дар ошкоро будани милитсияро дар он мебинад, ки илова ба тайёрии дохилии милитсия бояд таълими беруна бо иштироки дигар муассисаҳо, ба ғайр аз милитсия, фаъолона ҷорӣ карда шавад.
Вазорат барои мусоидат намудан дар омодасозии кормандони милитсия дар шароитҳои воқеӣ изҳори хоҳиш намуда, бо ин васила ошкоро будани милитсияи Тоҷикистонро дар назди ҷомеа дастгирӣ менамояд. Зарур аст, ки ба муносибати «ҳалли масъалаҳо» дар ҷараёни таълим бо пешниҳод намудани баҳодиҳии ҷараёни инкишофи тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеаи сермиллат ба воситаи айнан такрор кардани сенарияҳо ва ҳодисаҳои воқеӣ такя карда шавад.
Вазорати корҳои дохилӣ барои сардорони воҳидҳои сохтории милитсия дастур оид ба интихоби номзадҳо барои таҳсил ва кор таҳия ва тасдиқ менамояд, ки дар он ҳамаи талаботи зарурӣ нисбат ба номзадҳо пешниҳодшаванда пешбинӣ карда мешавад. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии системаи Вазорати корҳои дохилӣ дар курси ниҳоӣ аз рӯи ихтисос дар мақом ё воҳиди милитсияе, ки ӯро ба таҳсил фиристодааст, коромўзӣ менамояд ва аз тарафи роҳбари он барои ишғоли вазифа аз рӯи касб аз аттестатсия гузаронида мешавад.
Хизмат дар милитсия. Вақти корӣ ва пардохти
музди меҳнати корманд
Хизмати давлатӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дар шароити таъсис додани тартиби системаи идоракунии пешравӣ дар мартабаи хизматии корманди милитсия таъсирбахш мешавад, дар ҳолате, ки шахс тамоми ҳаёти касбии худро ба хизмат бахшида, мақсаднок ба зинаҳои хизматӣ пеш равад.
Тартиби мазкур аз чораҳои хусусӣ (такмили тахассус, кор бо захира ва ғ.) ба маҷмаавӣ гузаштанро дар бар мегирад, ки бояд робитаи мутақобилаи ҳамаи давраҳои пешрафти мартабавиро таъмин намояд: ҷудо карда гирифтан, таъинот ба вазифаи аввали роҳбарикунанда; дастгирии комёбиҳои хизматӣ ва пешравии оянда дар хизмат. Дар ҳар як давра вазифаҳои махсуси идоракунии мартабаи хизмати кормандони милитсия ҳал карда мешавад, ки он бояд таъсирнокии ниҳоиро таъмин намояд. Марҳилаи мазкур бо ҳам алоқаи зич доранд ва дар ягонагӣ бояд баррасӣ карда шавад. Баҳои кофӣ надодан ба яке аз онҳо таъсирнокии идоракунии мартабаро паст мекунад, ки ин дар навбати худ ба натиҷаи кори милитсия таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ҳолати мазкур воқеан ба ҷараёни имрӯзаи кор бо кадрҳои милитсия тасдиқ гардидааст, ҳангоми аз корравии бисёр, қонунвайронкуниҳои пай дар пай дар кор, пастшавии ташкилёбии касбии ядрои кадрӣ дар тамоми мақомоти корҳои дохилӣ ба назар мерасад.
Барои ҷорӣ намудани тартиби мазкур дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» боби махсус ҷойгир карда мешавад: «Пешравии кормандони политсия дар хизмат», ки дар он ҳамаи масъалаҳои муҳими баамалбарории институти мазкур (таъин ба вазифа, кор бо захира, талаботи тахассусӣ, таъиноти озмунӣ ба вазифа ва ғ.) дарҷ карда мешаванд.
Бинобар сабаби хусусияти махсус доштани кори милитсия ҳуқуқи ҳавасмандгардонии дахлдор ва таъминоти иҷтимоӣ, инчунин чораҳои махсуси ҳифзи саломатӣ ва тадбирҳои бехатарӣ, ниҳоят муҳим арзёбӣ карда мешаванд. Ин кор супоришоти ғайричашмдоште, ки ҳамарӯза аз тарафи кормандони милитсия иҷро карда мешаванд, хавфу таҳдидҳои ба фаъолияти онҳо хосбуда, инчунин рӯзи кории зиёд аз меъёрро дар бар мегирад. Таъмин гардидани ин ҳуқуқҳои кормандони милитсия барои баланд бардоштани обрӯю нуфузи хизмат дар милитсия, ҷолиби диққат будани касби корманди милитсия аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Бепардохтии кори зиёда аз меъёри вақти кории кормандони милитсия бояд истисно карда шавад. Корҳои зиёда аз меъёр набояд бештар аз чор соат дар давоми ду рўз паиҳам бошанд ва бояд ҳатман пардохт карда шаванд. Миқдори умумии соатҳо барои кори зиёда аз меъёр бояд аз 120 (аз меъёри муқарраргардидаи соатҳо дар як сол) соат дар як сол зиёдтар набошад. Агар эътироф гардад, ки таъмини босифати тартиботи ҳуқуқӣ бо хароҷоти комилан мувофиқи буҷетӣ алоқаманд аст, он гоҳ яқинан ҷалби ғайримақсадноки кормандони милитсия ба функсияҳои хоснабуда камтар гардида, тартиботи ҷамъиятӣ ва амният ба таври бояду шояд ҳамчун неъмати иҷтимоӣ арзёбӣ хоҳанд шуд.
Аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ бояд бо кормандони барои хизмат кирояшудаи милитсия шартномаҳои мӯҳлатдор ва бемӯҳлат баста шаванд. Мӯҳлати шартномаи мӯҳлатдор бояд то 5 сол муқаррар гардад ва сипас бо розигии тарафайн мӯҳлати шартнома метавонад ҳар 5 сол тамдид карда шавад. Шартномаҳо барои хизмат бояд пурра ӯҳдадориҳои ҳар ду тараф ва кафолатҳои таъмини ҳуқуқҳои кормандро дар бар гиранд. Барои шахсоне, ки ҷиҳати таълими асосии ройгон дар муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ қабул карда мешаванд, пас аз хатми таҳсил бояд ҳатман бастани шартнома ба мӯҳлати на камтар аз 5 сол пешбинӣ карда шавад. Дар сурати иҷро накардани шартҳои шартнома, чӣ дар давраи таҳсил ва чӣ баъд аз хатми он, маблағҳои барои таълим сарфшуда бояд ситонида шаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мешуморад, ки кормандони милитсия бояд аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар баробари дигар шаҳрвандони Тоҷикистон истифода баранд. Маҳдудият ба ин ҳуқуқҳо танҳо дар сурате, ки агар ин барои амалисозии функсияҳои милитсия дар ҷомеаи демократӣ зарур бошад, мутобиқи Қонун ва тибқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон бояд муқаррар карда шавад. Ин унсури асосии давлати ҳуқуқбунёд ва ҳамгироии хизмати милитсия бо ҷамъияте, ки ба он хизмат мекунад, мебошад.
Кафолати ҳимояи иҷтимоӣ-ҳуқуқии кормандони политсия бояд дар боби махсуси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» муқаррар карда шавад.
Кормандони милитсия, хизматчиёни давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, бояд дар сатҳи имконпазир дорои ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бошанд. Бахусус, кормандони милитсия ҳуқуқи ташкил намудани ташкилотҳои касбӣ ё иштирок дар кори онҳо, гирифтани имтиёзҳои ба хавфу хатар, ба вазнинӣ ва мушкилоти кор мутаносиб, мукофотпулиҳои кофӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти оила ва таъминоти иҷтимоӣ-манзилии арзандаро доранд. Ғайр аз ин, бо назардошти хусусияти бо хавфу хатари зиёд алоқамандӣ доштани кори милитсия, онҳо бояд бо хизматрасониҳои махсуси ройгони тандурустӣ, чораҳои ҳимоявии ҷисмонӣ, равонӣ ва ҳуқуқӣ таъмин карда шаванд. Ҷадвали кории шиддатноки кормандони милитсияро ба назар гирифта, бояд баҳри таъмини дастрасӣ доштани фарзандон ва дигар аъзоёни оилаи онҳо ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, имтиёзҳои дахлдор пешниҳод карда шаванд.
Касбият, сифати баланди иҷрои вазифаҳо хароҷоти зиёдро талаб мекунанд. Аз ин рӯ, маблағгузории милитсия бояд ба талаботи таъмини сатҳи зарурии тартиботи ҳуқуқӣ ҷавобгӯ бошад.
Истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус
ва силоҳи оташфишон аз тарафи милитсия
Мутобиқи Кодекси рафтори шахсони мансабдор оид ба нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ, ки бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 17 декабри соли 1979 таҳти № 34/169 ва Принсипҳои асосии истифодаи қувва ва силоҳи оташфишон аз ҷониби шахсони мансабдор оид ба нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби Конгресси ҳаштуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва муносибат бо ҳуқуқвайронкунандагон аз 7 сентябри соли 1990 дар шаҳри Гавана қабул гардидаанд, кормандони милитсияи Тоҷикистон барои ба кор бурдани қуввае, ки ҳангоми нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ, бо мақсади пешгирии ҷиноятҳо ё ин ки ҳангоми дастгиркунии ҳаққонии ҳуқуқвайронкунандагон ё гумонбарон дар содир кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва ё ин ки ҳангоми расонидани кӯмак зимни чунин дастгиркунӣ воқеан зарур мебошад, ваколатдор шуда метавонанд. Дар ин маврид истифодаи қувва аз тарафи кормандони милитсия бояд хусусияти истисноӣ дошта бошад ва милитсияи Тоҷикистон метавонад қувваро танҳо ҳангоми зарурат ба андозае, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои онҳо лозим аст, истифода барад. Истифодаи силоҳи оташфишон чораи ниҳоӣ ҳисобида мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро меандешад, ки истифодаи силоҳи оташфишон, бахусус ба муқобили кӯдакон истисно карда шавад. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумат Қоидаҳои истифодабарии қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, таҳия карда мешаванд. Чун қоида, силоҳи оташфишон аз тарафи милитсия, танҳо дар ҳолатҳое истифода бурда мешавад, ки шахс муқовимати мусаллаҳона нишон диҳад, ё ин ки бо тарзи дигар ҳаёти дигаронро зери хатар гузорад, инчунин ҳангоме, ки тадбирҳои дигари хусусияти истисноидошта барои пешгирӣ ё дастгир кардани ҳуқуқвайронкунанда кофӣ набошад. Дар бораи ҳар як ҳолати истифодаи силоҳи оташфишон бояд фавран ба шахси мансабдори болоӣ ва прокурор хабар дода шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи воситаҳо, намудҳои гуногуни силоҳ ва муҳимоти ҷангиеро, ки барои истифода ба кормандони милитсия иҷозат дода шуда, барои дар ҳолатҳои гуногун истифодаи қувва ва силоҳи оташфишон имкон медиҳанд, тасдиқ хоҳад кард. Ба қатори онҳо истифодабарии он намудҳои силоҳ дохил мешавад, ки боиси марг намегарданд, вале безарар гардонида, бо мақсади ҳар чӣ бештар маҳдуд кардани соҳаҳои истифодаи воситаҳое, ки боиси марг ё захмӣ шудан мегарданд, дар ҳолатҳои зарурӣ ба кор бурда мешаванд. Инчунин бо ҳамин мақсад кормандони милитсия барои худмуҳофизат бо чунин лавозимот аз қабили сипар, каска, воситаҳои нақлиётии зиреҳпӯш баҳри кам кардани зарурати истифодаи ҳама гуна силоҳ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.
Гузаронидани амалиётҳои ҷангӣ, зиддитеррористӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, ҳолатҳои фавқулодда, аз қабили номӯътадилии сиёсии дохилӣ ё ҳама гуна зуҳуроти ҷамъиятии фавқулодда барои риоя накардани қоидаҳои истифодабарии қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон асос шуда наметавонанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ тадбирҳо меандешанд, ки шахсони мансабдор оид ба нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ аз тайёрӣ ва санҷиш тибқи тайёрии махсуси зарурӣ ба амалиёт дар шароити истифодаи қувва гузаронида шаванд. Шахсони мансабдор оид ба нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ, ки бояд бо худ силоҳи оташфишон дошта бошанд, иҷозатномаи дахлдорро танҳо баъди ба итмом расонидани курси махсуси таълими истифодаи он соҳиб шаванд.
Зимни тайёркунии кормандони милитсия диққати махсусро ба масъалаҳои этикаи милитсия ва ҳуқуқҳои инсон, бахусус дар ҷараёни пешбурди тафтишот ба алтернативаҳои истифодаи қувва ва силоҳи оташфишон, аз ҷумла танзими осоиштаи низоъ, дарки рафтори издиҳоми одамон ва усулҳои боваркунонӣ, пешбурди гуфтушунидҳо ва миёнаравӣ, инчунин воситаҳои техникӣ бо мақсади маҳдуд кардани истифодаи қувва ё силоҳи оташфишон ҷалб намудан зарур аст.
Маҳз бо ҳамин мақсад баҳри он, ки кормандон на танҳо ҷисман солим ва дорои малакаи тирпарронӣ бошанд, балки дар сатҳи зарурӣ дорои руҳияи хуби инкишофёфта, малакаи мулоҳизаронӣ, таҳлили вазъият ва қабули қарор бошанд. Аҳамиятнокии ба кор интихоб намудани ҳайати кормандони барои милитсияи Тоҷикистон муносиб, инчунин тайёркунии ҳамаҷонибаи онҳо аз афзалиятҳои Вазорат дар амалигардонии ин принсипҳо хоҳад буд. Талаботҳо нисбати корманди политсия оид ба риояи қатъии қоидаҳои рафтор ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, муошират ва муомилаи хуб бо шаҳрвандон, муносибат бо ҳуқуқвайронкунанда, ҳамчунин бо дастгиршуда ва ё айбдоршуда, муоширати байниҳамдигарии худи кормандон дар Кодекси ахлоқи полис, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муқаррар карда мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ тадбирҳо меандешанд то нисбат ба он кормандони милитсия, ки мутобиқи Кодекси рафтори шахсони мансабдор оид ба нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ ва Принсипҳои асосии мазкур аз иҷрои фармон дар бораи истифодаи қувва ё силоҳи оташфишон даст мекашанд, ё ин ки дар бораи чунин истифодаи қувва ё силоҳи оташфишон хабар медиҳанд, ҳеҷ гуна ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё интизомӣ татбиқ карда нашавад.
Иҷрои фармонҳои шахсони мансабдори болоӣ далели бегуноҳӣ буда наметавонад, агар кормандони милитсия дар бораи баръало ғайриқонунӣ будани фармон дар бораи корбурди қувва ва силоҳи оташфишон, ки боиси марг ё захмӣ шудани ягон шахс гаштааст, бохабар буда, барои даст кашидан аз иҷрои он имкон доштанд. Дар ҳар сурат ҷавобгарӣ ҳамчунин ба дӯши шахсони мансабдори болоие, ки фармонҳои ғайриқонунӣ додаанд, вогузор карда мешавад.
Вазорати корҳои дохилӣ қатъиян ҷонибдори он аст, ки милитсияи Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ шиканҷаро истифода набарад, ба он таҳрик накунад ва нисбат ба шиканҷа, муносибат ва ё ҷазои ғайриинсонӣ ё пастзанандаи қадру қимат таҳаммулнопазир бошад.
Таъсис додани системаи ягонаи давлатии
бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо
Ташхиси масъалаи муносибатҳои мутақобилаи шаҳрвандон ва милитсия нишон медиҳад, ки ба ғайр аз ошкоркунӣ ҳамчун нишондиҳандаи меъёри сифатии кори милитсия, ҷорӣ намудани чунин нишондиҳандаҳо, ба монанди миқдор, ҳаҷми кори анҷомдодашуда ва дар ниҳоят, вобаста ба серкории кормандони милитсия, омили муҳими ташкилию идоракунӣ – асоси баҳодиҳии кори милитсия мебошад.
Дар иртибот бо ин, беҳтаргардонии муносибатҳои байниҳамдигарии милитсия ва шаҳрвандон нуқтаи марказии ислоҳоти милитсия маҳсуб меёбад. Дар дурнамои стратегӣ беҳтар намудани ҳамкории мутақобилаи баррасишаванда бо чунин тарзи ташкили кор алоқаманд аст: дар он милитсия ҳамчун мақоми ҳокимияте, ки бо шаҳрванди худ – ҷабрдидаи ҷиноят – бо камоли меҳрубонии зиёд, омодагӣ ба таъмини ҳимояи ӯ, пешниҳод намудани чораҳои босамари ҳалли низоъҳо, ҷуброни зарар, барқарорсозии ҳуқуқҳои поймолшуда муносибат мекунад, қабул карда мешавад.
Барои ин бояд ғайр аз дарки он, ки яке аз таҳдидҳои асосии амнияти дохилӣ ҷинояткорӣ мебошад, лозим аст, ки афзалиятҳои аз таҷовузи ҷиноятӣ ҳифзшаванда бо пайдарпаии зерин гузошта шаванд: шахсият (инсон ва шаҳрванд), неъматҳо (аз он ҷумла молу мулк), ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, арзишҳои миллӣ, институтҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ.
Аз ҳамин лиҳоз, банақшагирии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани амнияти аҳолӣ бояд хусусияти дурнамо дошта бошад ва пешгӯии таҳаввулоти худи ҷинояткорӣ, аз он ҷумла ҷинояткории ниҳониро (латентиро) ба инобат гирад. Бо ин мақсад пешбинӣ намудани маҷмўи тадбирҳои ташкилию идоракунӣ, ки бо тағйирёбии меъёрҳои баҳодиҳии фаъолият, баланд бардоштани сатҳи дастрасии шаҳрвандон ба мақомоти милитсия, инчунин такмили куллии системаи ошкоркунӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо алоқаманд мебошанд, зарур аст. Системаи давлатии ошкоркунӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо бояд ба технологияҳои иттилоотии муосир асос ёбад, тамоми иттилоот дар бораи зуҳуроти ҷинояткорӣ (аз хабарҳои ибтидоӣ сар карда, то ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ-ҷиноятӣ) бояд дар ҳомилони электронӣ сабт гардида, дар системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди иттилоот ҷамъ оварда шаванд.
Аз қоидаи кӯҳнашудаи сабти дастнависи аввалияи аризаю хабарҳо оид ба ҷиноят дар китоби баҳисобгирии аризаҳо ва китоби баҳисобгирии иттилоот даст кашидан зарур аст. Таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи ягонаи давлатии ошкоркунӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо» лозим аст, ки он ба даст овардани манзараи холисонаи вазъи криминологӣ ва манзараи имконоти воқеии мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷиҳати муқовимат ба ҷинояткорӣ ҳамчун вазифаи муҳим қарор диҳад.
Дар баробари ин, бақайдгирии ҷиноятҳо бояд аз вазифаҳои мақомоти корҳои дохилӣ боқӣ монад, вале ба шарте, ки воҳиди махсуси бақайдгирии хабарҳо дар бораи ҷиноятҳои содиршуда ҷудо гардида, он аз воҳидҳои дигар вобаста набошад. Таъмин намудани тартиби мазкур зарур аст: қабули шаҳрвандон бо аризаю хабарҳо дар бораи зуҳуроти ҷиноӣ бояд бо иштироки корманди милитсия, ки омодагии руҳии (психологии) лозимӣ дорад, анҷом дода шавад. Ҳамаи амалҳое, ки бо санҷиши аризаю хабарҳо дар бораи зуҳуроти ҷиноӣ алоқаманд мебошанд, бояд бо таври мурофиавӣ сурат гиранд.
Зарур аст, ки нақши мурофиавии ҷабрдидагони ҷиноят ва кафолатҳои ҷуброни зарар ба ҷабрдидагони ҷиноятҳо баланд бардошта шуда, ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ пурзўр карда шавад. Бояд дар қонун ҳуқуқҳои ҷабрдидагони ҷиноятҳо барои ҷуброни зарар ва кўмак аз тарафи давлат (ҷубронпулӣ) мустаҳкам карда шавад.
Бояд гузаронидани мониторинги доимӣ нисбати ҷиноятҳои ниҳонӣ (латентӣ) таъмин карда шавад.
Ҳамчунин зарур аст, ки милитсия аз ҷавобгарӣ барои миқдори зиёди ҷиноятҳои бақайдгирифташуда ва ошкоргардида озод карда шуда, кори он, пеш аз ҳама, аз рўи пуррагии ошкорсозӣ ва бақайдгирии ҷиноятҳо баҳо дода шавад.
Ҳамкории байналмилалӣ
Вазорати корҳои дохилӣ мутобиқи меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд, бо мақомоти салоҳиятноки давлатҳои хориҷӣ, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалӣ, ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ мекунад.
Вазорати корҳои дохилӣ тибқи шартномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, метавонад намояндагиҳои худро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, кушояд.
Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи салоҳияти худ дар соҳаи ҳамкориҳои байналмилалӣ вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
– бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобила бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолии кишвар, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои донор, кўмак расонидан дар таҳияи асноди ҳуқуқӣ вобаста ба гузаронидани ҷараёни ислоҳоти милитсия, тибқи муқаррароти Ёддошти Тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз 8 апрели соли 2011, дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ барои таъсис додани воҳиди штатии ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия чораҳои зарурӣ меандешад;
– дар таҳия, тибқи тартиби муқарраргардида ба имзо расонидан ва амалӣ намудани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ иштирок менамояд;
– дар асоси шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳамкориро бо дигар мақомотҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳ мемонад;
– кори протоколиро анҷом дода, ба хориҷа ба сафарҳои хизматӣ рафтани кормандон, инчунин қабули ҳайатҳои намояндагони хориҷиро ташкил ва таъмин менамояд;
– омодагии ташкилию иттилоотии чорабиниҳоро оид ба гузаронидани ҷаласаҳои муштарак бо мақомоти салоҳиятноки давлатҳои хориҷӣ ба роҳ мемонад;
– дар доираи салоҳияти худ барномаҳои байнидавлатиро дар соҳаи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ мегардонад;
– созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи иштироки кормандони милитсияро дар ҳайати посдори сулҳ амалӣ менамояд.
Назоратбарии кори милитсия.
Ҷавобгарии милитсия ва корманди он
Назоратбарии давлатии фаъолияти милитсияро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншаванда амалӣ менамоянд.
Назорати иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар фаъолияти милитсия аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ба ў тобеъ анҷом дода мешавад.
Назорати идоравии фаъолияти милитсия бо тартибе, ки аз тарафи Вазири корҳои дохилӣ муайян мегардад, амалӣ карда мешавад. Бо ин мақсад Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарнозироти милитсияро таъсис медиҳад.
Вазифаҳои Сарнозироти милитсия инҳо мебошанд:
а) гузаронидани санҷишҳои нозиротии фаъолияти мақомоти милитсия ва пешниҳоди ҳисобот оид ба натиҷабахшӣ ва самаранокии онҳо дар расидан ба мақсадҳои муқаррарнамудаи қонун;
б) тафтиши аризаҳо дар бораи аз тарафи кормандони милитсия содир кардани вайронкуниҳои ҷиддии интизомӣ ва ба Вазири корҳои дохилӣ пешниҳод кардани тавсияҳо дар хусуси татбиқи ҷазои интизомӣ, агар барои ин асосҳои дахлдор мавҷуд бошанд;
в) таъмини ҳимояи ҳуқуқӣ, ҷисмонӣ ва моддии кормандони милитсия аз таҳдидҳои поймол гардидани ҳуқуқҳои бо қонун ҳифзшаванда, таҳдид ба ҳаёт ва саломатии онҳо, аъзои оила ва молу мулки онҳо;
г) таъмини ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ва дигар вазифаҳое, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба зиммаашон вогузор карда мешаванд.
Сарнозироти милитсия ба Вазири корҳои дохилӣ тобеъ мебошад ва ба ў ҳисобот медиҳад, Сарнозироти милитсия бояд ба таври касбӣ ва холисона, бо риояи пурраи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, ба манфиати тамоми ҷомеа ва давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намояд.
Аз амалҳои (беамалии) корманди милитсия, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд, мақоми давлатӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ташкилоти динӣ ва дигар ташкилотро поймол мекунанд, ба мақоми болоӣ ё шахси мансабдори болоӣ, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё суд шикоят кардан мумкин аст.
Корманди милитсия барои вайрон кардани қонуният, сўиистифода аз мансаб, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ, иҷро накардан ё иҷрои номатлуби вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Дар баробари ин ба корманди милитсия ҳимояи судӣ кафолат дода мешавад. Милитсия вазифадор аст ба он корманди милитсия, ки иштирокчии мурофиаи ҷиноятӣ ё гражданӣ мебошад, кўмаки ҳуқуқӣ расонад.
Дар сурате, ки агар корманд дар содир кардани ҷиноят гумонбар ё айбдор дониста шуда, нисбати ў чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс интихоб шуда бошад, пардохти таъминоти пулӣ ба чунин корманд боздошта мешавад. Ҳангоми нисбати корманд баровардани ҳукми сафедкунанда ё қатъ гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ бо асосҳои сафедкунанда, ба ӯ таъминоти пулӣ дар ҳаҷми пурра барои тамоми давраи дар ҳабс будан ё таъқиби ҷиноятӣ, аз ҷумла ҷуброни зарари маънавӣ бо минбаъд рӯёнидани ин маблағ аз мақомоти дахлдоре, ки дар ғайриқонунӣ дастгир кардан, ба ҳабс гирифтан ва айбдор намудани ў гунаҳгор мебошад, пардохта мешавад.
Ҳангоми аз ҷониби корманди милитсия поймол кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, ба онҳо расонидани зарар, мақоми дахлдори милитсия вазифадор аст, ки барои барқарор намудани ин ҳуқуқҳо чораҷӯӣ намояд ва бо талаби шаҳрванд дар шакли дахлдор узр пурсад. Зарари моддии расонидашуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
Назоратбарии ҷамъиятии фаъолияти милитсия тавассути гузаронидани чунин чорабиниҳо, аз қабили мониторинги ҷамъиятӣ, экспертизаи ҷамъиятии санадҳои меъёрии ҳуқуқии милитсия ва Вазорати корҳои дохилӣ, гузаронидани машваратҳои гуногун байни ҷомеа ва давлат, инчунин ҳар семоҳа ҳисоботдиҳии сардорони милитсия дар назди аҳолӣ таъмин карда мешавад.
Тақвият додани обрўю нуфузи милитсия дар назари аҳолӣ танҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки агар аҳолӣ барои донистани чӣ тавр дар маҷмўъ ва дар алоҳидагӣ кор кардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имконият дошта бошад, яъне мавҷудияти як навъ ҳисоботдиҳии онҳо дар назди аҳолӣ имкони мулоҳиза намуданро дар бораи корҳои бавосита ва мустақиман анҷомдодашуда фароҳам меорад. Ин як навъ заминаи холисона барои ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилаи хайрхоҳона ва самараноки ҷомеа ва милитсия дар умум мебошад.
Бинобар сабабе, ки танҳо афкори ҷамъиятии беғаразона дар бораи ҳолати тартиботи ҳуқуқӣ метавонад воқеан нақши милитсияро дар таъмини ҳимояи манфиатҳои инсон ва давлат, тақвият додани низоми қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нишон диҳад, ба ташаккулёбии афкори ҷамъиятӣ оиди фаъолияти милитсия амалан таъсир расонида, ба тарбияи муносибати эҳтиромона нисбат ба қонун ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат намояд, таҳия ва тасдиқ намудани Консепсияи ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст.
Дар ин маврид ҳамкории мутақобила на танҳо назоратбарии ҷамъиятиро аз болои милитсия, балки дар ҷамъият ташаккул додани мавқеи шаҳрвандии фаъолро оид ба мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ошкор кардани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо пешбинӣ менамояд.
Комиссияи махсус дар ҳайати сарнозири Вазорати корҳои дохилӣ, ки аз тарафи Вазири корҳои дохилӣ таъин гардида, шахсан ба ў ҳисобот медиҳад ва ду намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия таъин карда мешаванд, таъсис дода мешавад. Комиссия ҳуқуқ дорад, ки бо дархости Шӯрои ҷамъиятӣ санҷиши аризаҳоро дар бораи содир кардани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи кормандони милитсияи Тоҷикистон амалӣ намояд, агар аризадиҳанда нисбат ба хулосаҳои Сарнозироти милитсия норозигии худро баён намуда бошад. Комиссия бояд, ки ба Вазири корҳои дохилӣ дар бобати татбиқ намудани ҷазоҳои интизомӣ, инчунин дар бораи бартараф намудани сабаб ва шароитхои ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидаткунанда тавсияҳо пешниҳод намояд.