Роҳзанон дастгир гардиданд
Дар таърихи 18-уми октябри соли 2014, тахминан соати 02:20 дақиқаи шаб дар кӯчаи Дӯстии Халқҳои ш. Душанбе шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ ва истифода аз корд ба шаҳрванд Азимов Рустам соли таваллудаш 1961, сокини ш. Душанбе таҳдид намуда, дасту пояш ва даҳонашро бо скотч баста, автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, рақами давлатиаш «67-97 ВВ 01 РТ»-ро тасарруф намуда, ба самти номаълум ғайб задаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон: Неъматов Баҳрулло соли таваллудаш 1977 ва Неъматов Тоҷиддин соли таваллудаш 1995 сокинони ш. Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуданд. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.