МИҚДОРИ ҲОЗИРОН

103551
Имрӯз
Моҳ
Ҳамагӣ
108
11775
103551
IP Шумо: 54.82.97.27

Гушаи кормандони хангоми адои вазифа фавтида

IMG 3110

   Масъулини Шуъбаи Бозрасии давлатии автомабилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади танзими ҳаракати роҳ ва пешгирӣ аз садамаҳои нохуши нақлиётӣ чораҳои дахлдор андешад ҳам, ҳамоно риоя нагаштани талаботҳои ҳатмии Қоидаҳои ҳаракати рох ба мушоҳида мерасад.
   Яке аз ҳолатҳои ташвишоваре, ки имрӯзҳо ҳангоми идораи воситаи нақлиёт ба назар мерасад, ин дар баробари қоидавайронкунӣ муносибати дағали ронанда бо нозири роҳ, нописандию ҳавобаландӣ, сӯиистифода аз вазифаи хизматии шахсони мансабдор ва наздикони онҳо мебошад.
   Кормандони БДА ҳамарӯза зимни хизматбарӣ бо чунин ҳолатҳои ташвишовар, ки берун аз одоби шаҳрвандист, рӯ ба рӯ мешаванд.
   Давоми ҳафтаи гузашта якчанд далели ба талаботи қонунии корманди БДА оиди боздошти воситаи нақлиёт итоат накардани ронандагон муайян, ошкор ва ба қайд гирифта шуд. Нисбати ронандагони саркаш чораҳои таъсиррасони ҳуқуқӣ аз қабили банду баст намудани кирдори онҳо бо моддаи 329 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне талаботи қонунии корманди милитсияро бобати боздоштани воситаи нақлиёт иҷро накардани ронандагон татбиқ карда шуд. Аз ҷумла нисбати ронандагон:

   Ҷураев Шамсулло Сайфуллоевич - ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота Королла, рақами қайди давлатиаш 4130DD01,275

   Забуров Сайдҳасан Ҳикматуллоевич - ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес Бенс, рақами қайди давлатиаш 6599DD01,276

   Олимов Саидакбар Абдуллоевич - ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес Бенс, рақами қайди давлатиаш 7724АТ01,277

   Рауфов Саидикром Ҳасанович - ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 5536АТ01,278

   Бобоев Баҳодур Абдуҷабборович - ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 3257АС07,279

   Шарипов Маҳмасобир Маҳматович - ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 5247СР01,280

   Оев Ғолибҷон Юсуфович - ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 1966ВК01,281

   Назаров Ҷумахон Шералиевич - ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай Старекс, рақами қайди давлатиаш 8425ТТ01,282

   Аминов Бахтиёр Ҷамшедович - ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 9369ЕЕ01,283

   Каримов Самад Маҳмадраҳимович - ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз 2107, рақами қайди давлатиаш 9868ЕЕ01,284

   Зарипов Бахтиёр Рафиқович - ронандаи автомашинаи тамғаи Дэу Сиело, рақами қайди давлатиаш 9712АВ08,285


Иқтибос аз Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии
Ҷумҳурии Тоҷикистон:

   Моддаи 329. Талаботи қонунии корманди милитсияро бобати боздоштани воситаи нақлиёт иҷро накардани ронандагон

1. Барои аз тарафи ронандагон иҷро накардани талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштани воситаи нақлиёт ё саркашӣ кардан аз пешниҳод намудани ҳуҷҷат ё нақлиёт барои санҷиш, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри кормандони милитсия ё дигар шахсон вонагузоштани воситаи нақлиёт,

– ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мўҳлати аз шаш моҳ то як сол таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1179)

2. Барои аз тарафи ронандагон дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран иҷро накардани талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштани воситаи нақлиёт,

– ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мўҳлати як сол таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1179)

3. Барои содир намудани кирдорҳои дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинишуда аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад,

– ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1179)