Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби дружиначиёни ихтиёрии милитсияи шаҳри Душанбе
Ҷиҳати тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рейду амалиётҳои санҷишӣ вобаста ба пешгирии сироятёбӣ ба коронивируси нави КОВИД-19 ва истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ва дружиначиёни ихтиёрии милитсия ташкил карда шудаанд, ки дар ду баст дар маконҳои серодам ва ҷойҳои гаштугузори шаҳрвандон чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ карда истодаанд.

Дар ҷаласаи навбатии сайёри гурӯҳи корӣ, ки дар боғи ба номи «Куруши Кабир»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ ва намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шахри Душанбе, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута ширкат намуда, гурӯҳҳои кориро ба тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ даъват намуданд.

Зимни мулоқот ҳамзамон аз фаъолияти кории гурӯҳҳо натиҷагирӣ карда шуда, вобаста ба идомаи тадбирҳо дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, зикр гардид, ки бо ҷалби фаъолони ҷомеа шаҳрвандӣ ва гурӯҳҳои ёрирасони милитсия, махсусан дружиначиёни ихтиёрии милитсия дар байни аҳолӣ ҷиҳати истифодабарии ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шудаанд. Сипас гурӯҳҳои корӣ фаъолияти худро дар маконҳои муайянгардида, аз қабили бозору боғҳои фарҳагӣ фароғатӣ ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монданд.


Чуноне зимни баргузории корҳои санҷишӣ дар бозори «Сафариён» мушоҳида гардид, баъзе аз шаҳрвандон талаботҳои аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ ҷоригардидаро нодида гирифта, бе истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ гашту гузор менамоянд, ки ин амалу рафтор ва хунукназарии онҳо пеш аз ҳама ба саломатии худи онҳо ва дигар атрофиён хатар эҷод менамояд. Бо назардошти ҳолатҳои мазкур бори дигар таъкид намудан ба маврид аст, ки танҳо дар ҳамбастагӣ бо риояи тавсияҳои мутахассисону дастури Ситоди ҷумҳуривӣ метавон саломатии худ ва аҳли ҷомеаву наздиконамонро ҳифз намуда, ба ин беморӣ, ки аҳли башарро ба ташвиш овардааст ғолиб бароем.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе






























