(Видео) Чорабиниҳои милитсия бо аҳолӣ натиҷабахш аст

(Видео) Чорабиниҳои милитсия бо аҳолӣ натиҷабахш аст

  Милитсия ва маориф яке аз ниҳодҳои муҳимми давлат ба ҳисоб рафта, робита ва ҳамкории онҳо метавонад ба балнд гардидани маърифати ҳуқуқӣ ва маънавии насли наврасу ҷавон заминаҳои мусоид фароҳам оварад.
  Бо мақсади ба роҳ мондани робитаи зич, ҳамкориҳои манфиатбахши ҷомеа бо мақомоти милитсия дар маҷлисгоҳи МТМУ №72 ноҳияи Фирдавсӣ, бо иштироки сардори ШВКД-2 дар ноҳияи мазкур, полковники милитсия Зуҳурзода Шамсиддин Боймурод, муовини раиси ноҳия Маҳмадзода Назокат Киромиддин ва як қатор намояндагони мақомоти ииҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорону хонандагон мулоқоти судманд баргузор гардид.


  Дар оғози чорабинӣ сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шамсиддин Зуҳурзода оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон дар ҳудуди хизматии ба онҳо вобаста буда, баромад намуд. Ӯ дар суханронии худ ёдрас гардид, ки гарчанде дар муқоиса ба солҳои пеш, соли ҷорӣ содршавии сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва кирдорҳои ҷиноятӣ дар байни наврасону ҷавонон паст гардида бошад ҳам, вале ин рақамҳо набояд насли калонсол бахусус падару модар, шахсони онҳоро ивазкунанда ва омӯзгорону масъулонро набояд қонеъ созад.


  Дар ин раванд тавре номбурда иброз дошт, тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дар ҳамбастагӣ фаъолият намуда, дар андухтани илму дониш ва ба таҳсил фаро гирифтани насли ҷавон талош намоянд. Зеро танҳо насли бо илму маърифат ва дорои сатҳи баланди донишҳои тахассусӣ дар пешрафту шукуфоӣ, суботу оромӣ ва тараққиёти тамоми соҳаҳои кишвар саҳмгузор буда метавонад.


  Дар идомаи чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ Назокат Маҳмадзода ва намояндаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак низ дар баромадҳои худ омилу сабабҳои даст задани наврасону ҷавононро ба ҳар гуна амалҳои номатлуб мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, зикр карданд, ки барои бунёд ва рушди ҷомеаи воқеан ҳам ҳуқуқбунёди демократию дунявӣ робитаи намояндагони касбу кори гуногун бояд қавитар гардад.
  Иштирокчиёни чорабинӣ, ба хусус наврасону ҷавон аз баргузории чунин ҷамъомади маърифатии омӯзанда барои худ маълумоти муфид гирифта, дарк намуданд, ки барои расидан ба мақсадҳои нек ва обруманду соҳибэҳтиром гардидан дар ҷомеа инсонро танҳо кору амали нек ва рафтори шоистааш арҷманд месозад. Албатта, дар ҷомеа, ки шаҳрвандон ба қонун эҳтироми хос мегузоранд, ҳеҷ ягон зуҳуроте наметавонад ба рӯзгори хӯши онҳо халал расонад.


  Мавриди зикр аст, ки ҷамъомади мазкур дар доираи натиҷагирии фаъолияти 5-солаи гурӯҳи ҷавонони «Авангард» ва амалӣ гардидани «Ҳафтаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардида, мактаббачагон ӯҳдадор гардиданд, ки дар раванди таҳсил инчунин бо фаъолияти назарраси худ дар пешрафти ҷомеа саҳми созанда хоҳанд гузошт.
  Дар қисмати дигари мулоқоти мазкур аз ҷониби Сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ як қатор роҳбарони МТМУ ва наврасону ҷавонон барои ҳамкориҳои созанда ва судманд бо мақомоти милитсия бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin