Муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҷиноятҳои қаллобӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, марди 74-солаи сокини пойтахт бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки соли 2011, марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10.000-доллари амрикоӣ ва 1-адад автомашинаи тамғаи “Дулан”, бо арзиши 65.000-доллари амрикоӣ, ҷамъ 75.000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ба ҳамин монанд, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии пойтахт, марди 32-солаи сокини шаҳри Ҳисор дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 13 майи соли 2016, марди 38-солаи сокини ш. Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 40.000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Айни замон нафарони тақаллубкор дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома дорад.






























