• Home »
  • ХАБАР »
  • Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт аз ҷониби ноболиғ
Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт аз ҷониби ноболиғ

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт аз ҷониби ноболиғ

  Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 1-уми апрели соли 2019, тахминан соати 22:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи «Фолксваген-Туарег»-ро, ки дар кӯчаи М.Турсунзодаи пойтахт беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд. 

  Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини кӯчаи Рӯдакӣ, хонандаи синфи 11-уми МТМУ бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт бидуни мақсади тасарруф, дастгир карда шуд. 
  Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin