Боздошти зани 55-сола бо гумони ташкили фоҳишахона
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 55-солаи зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ, сокини шаҳри Душанбе, бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда, хонаи истиқоматии зани 57-солаи сокини кӯчаи А.Синои пойтахтро ба фоҳишахона табдил дода, бори аввал санаи 13-уми марти соли 2019 ба марди 25-солаи сокини кӯчаи Хуҷамбиёи Поён ва зани 47-солаи сокини шаҳри Ҳисор, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 80-сомонӣ ва бори дуввум санаи 18-уми марти соли ҷорӣ такроран 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.






























