Муроҷиати шаҳрвандон оид ба тақаллубкорӣ

Муроҷиати шаҳрвандон оид ба тақаллубкорӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, марди 52-солаи сокини кӯчаи Маяковскии пойтахт, бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2017, ҳангоми дар назди бинои 15/1-и кӯчаи зикргардида қарор доштанаш, марди 32-солаи сокини кӯчаи Т.Шарқии шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 22.000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

  Ҳамчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои пойтахт, марди 67-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2016, ҳангоми дар кӯчаи Қазоқони шаҳри Душанбе қарор доштанаш, марди 29-солаи сокини пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, худро корманди Муассисаи давлатии рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ муаррифӣ намуда, аз ӯ 30.000-сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз ҳудуди шаҳри Турсунзода ё Ҳисор 50-га замини кишоварзӣ ҷудо намуда медиҳад. Аммо ӯро фиреб намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

  Тафтишот муайян намуд, худи ӯ бо ҳамин тарз ба боварии зани 44-солаи сокини кӯчаи Н.Ҳувайдуллоеви пойтахт даромада, аз ӯ 30.000-сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз ҳудуди шаҳри Турсунзода ё Ҳисор 50-га замини кишоварзӣ ҷудо намуда медиҳад. Аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 
  Айни замон нафарони қаллоб дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin