Садама бо «Лексус-НХ»: Донишҷӯ-ронанда ҷавонзани 31-соларо зада ба ҳалокат расонид
Санаи 12-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 19:30 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-НХ”, аломати қайди давлатиаш 0017ЕН 01, Каттахонов Ғолибшоҳ Раҳматович соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ, донишҷӯӣ курси 2-юми Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, аз тарафи кӯчаи И. Сомонӣ ба самти кӯчаи С. Носири шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард ҷавонзани 31-солаи истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо зада аз пой меафтонад.
Дар натиҷа ҷавонзани 31-сола бо бардошти ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.
Оиди ҳодисаи мазкур тафтиш идома дорад.