• Home »
  • ХАБАР »
  • Вохӯрии кормандони милитсия бо хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт
Вохӯрии кормандони милитсия бо хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт

Вохӯрии кормандони милитсия бо хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт

  Рӯзи 18-уми октябри соли 2018 дар доираи нақша-чорабинӣ ва фармони махсуси Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таҳти №51 аз 23.02.2018 дар басти аввал бо хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт кормандони милитсияе, ки ба он вобаста гардида буданд, суҳбату вохӯрии судманд доир намуданд. 

  Мавриди зикр аст, ки дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе ҳамчун «Рӯзи муассисаи таълимӣ» эълон гардида, ҷиҳати иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №63 аз 30 январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” роҳандозӣ карда шудааст.
  Чунин вохӯриву суҳбатҳо дар самти пешгирии содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намуда, аз содиршавии амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок ва махсусан муноқиша ва задухурдҳои гурӯҳии мактаббачагон пешгирӣ хоҳад кард.

  Зимни баргузории ин мулоқоту суҳбатҳо дар муассисаҳои таълимӣ, кормандони милитсия дар бораи содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ҷавонону ноболиғон, доир ба масъалаҳои доғи рӯз аз қабили оворагардӣ, авбошиҳои гурӯҳӣ, дуздиву ғоратгарӣ махсусан бемасъулиятии баъзе аз волидайн ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд бо овардани факту рақамҳои дақиқ суханронӣ намуданд. 
  Аз ҷумла, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия, Иброҳимов Баширхон зикр намуд, ки дар давоми 9-моҳи соли равон дар натиҷаи гузаронидани рейду санҷишҳо дар марказҳои компютерӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки дар нимашабӣ ноболиғон беназорати волидайн машғули амалу кирдорҳои номатлуб буданд, барои бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ намудан нисбати таълиму тарбияи фарзанд, тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 4071 волидайн протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гардидааст. 
  Мавриди зикр аст, ки гарчанде аз қабули қонуни мазкур чандин сол сипарӣ гардида бошад ҳам, вале ҳамоно баъзе аз падару модароне ҳастанд, ки муқаррароти ин қонунро нодида гирифта, ба таълиму тарбияи фарзанди худ саҳлангорӣ мекунанд, ки ин омил оқибат ба сар задани қонуншиканиву ҷиноятҳо меанҷомад.

  Мутаассифона ҳодисаю воқеаҳои солҳои охир, алалхусус муноқишаҳои гурӯҳӣ дар миёни мактаббачагон, содиршавии ҷиноят ва амалу кирдорҳои номатлуб аз тарафи онҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар баробари сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ беҳбудии ҷиддиро талаб намудан, ҳамзамон волидайн ва нафарони дар таълиму тарбияи фарзанд муваззафбударо мебояд, ҷиҳати ояндаи фарзандони худ бетараф набошанд. Зеро авбошиҳои гурӯҳии вақтҳои охир содиршуда, аз он далолат мекунад, ки беҳудагардию шабгардии ҷавонон волидайни онҳоро ба ташвиш наоварда, ба ҳар гуна амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок даст мезананд, ки ҷои нигаронист.


  Дар ин росто муаасисаҳои таълимӣ, волидайн, аҳли ҷомеа ва тамоми шаҳрвандонро мебояд, нисбати ояндаи ҷавонону ноболиғон, ки қишри ояндасози миллату давлат ба шумор мераванд, бетараф набуда, баҳри ояндаи дурахшони онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳанд.

Сироҷиддин Шукуров

 
Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin