Ронандаи автомашинаи Тайота-Кемри ҷавонзани 34 соларо ба ҳалокат расонид
Санаи 23-юми марти соли 2018, тахминан соати 13:50-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемри, рақами қайди давлатиаш 0587ЕМ01, Исмонов Давлатмурод соли таваллудаш 1974 сокини деҳаи Шугнови ноҳияи Ховалинг ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҳамадонии шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе Ҳакимова Зумрад Нуруллоевнаро зада аз по меафтонад.
Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ пиёдагард ҷавонзани 34 сола аз зарби автомашинаи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Айни замон вобаста ба ин ҳолат маводҳои аввалиндараҷа тартиб дода шуда, ронанда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.