• Home »
  • ХАБАР »
  • Тӯҳфаҳои наврӯзӣ ба ниёзмандону собиқадорони милитсия
Тӯҳфаҳои наврӯзӣ ба ниёзмандону собиқадорони милитсия

Тӯҳфаҳои наврӯзӣ ба ниёзмандону собиқадорони милитсия

  Ҳар як ҷашн ба худ шукӯҳу шаҳомат ва суннату анъанаҳои хоса дорад. Ҷашни Наврӯз, ки бо талошу заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ гирифт, маҳз бо анъанаҳои хоси худ мақбули оламиён гардидааст.
  Ҷашни Назрӯзро аз қадимулайём мардумони ориёинажод аз ҷумла тоҷикон таҷлил намуда, ба анъанаву суннатҳои он арҷгузорӣ мекарданд.
  Яке аз рукнҳои хуби наврӯзӣ ин аёдати пиронсолону барҷомондагон ва дасти кӯмак дароз намудан ба нафарони муҳтоҷу бенавоён мебошад, ки ин падидаи наҷиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роиҷ буда, дар рӯзҳои иду ҷашнҳои умумимиллӣ аз вазъи саломатӣ, шароити зист ва сатҳи рӯзгори пиронсолон махсусан иштирокчиёни ҷангу собиқадорони меҳнат дидан намуда, бо кӯмакҳои худ табъи онҳоро шод менамоянд.
  Дар мақомоти корҳои дохилӣ низ ин анъана роҳандозӣ гардида, дар арафаи тамоми ҷашну маросимҳо, аз ҳолу аҳволи собиқадорони милитсия дидан намуда, ба онҳо туҳфаҳои пуливу молӣ супорида мешавад.


  Махсусан дар арафаи иди Наврӯз, ки айёми шукуфоӣ ва фасли руйиданҳост бо дастовези идона хотири кормандони собиқадори милитсия ва оилаҳои кормандоне, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, шод карда мешавад.
  Имсол низ санаи 22-юми марти соли равон дар доираи таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз, роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат рафта, аз номи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба онҳо кӯмакҳои ғизоӣ, аз қабили орду равған ва дигар анвои хӯрока расонида шуд.
  Дар ин замина кормандони милитсияи пойтахт ба аёдати собиқадори милитсия ва ҳамзамон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қадимов Давлатшоҳ рафта, ӯро ба 92-юмин баҳори умраш табрик ва ба номбурда аз номи роҳбарияти давлату ҳукумат ва макомоти корҳои дохилӣ кумакҳои моддӣ расонида шуд.


  Зимни мулоқот иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз рӯзҳои сахту мудҳиши айёми ҷанг ёдоварӣ намуда, таъкид бар он дошт, ки имрӯз бо сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармост. Ҳар як шаҳрвандро мебояд, ки ба қадру қиммати ин неъмати бебаҳо расида, ҳамеша баҳри пойдории он кӯшиш ба харҷ диҳад.
  Қадимов Давлатшоҳ, ки собиқаи кории тулонӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дорад, аз ин иқдоми роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе изҳори хушнудӣ намуд.


  Кормандони милитсияи пойтахт ҳамчунин ба аёдати дигар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ – Сангов Раҷаби 90 сола рафта, аз ҳолу аҳволи ӯ низ дадан намуда, кӯмакҳои хешро расониданд.
  Ҳамин тариқ дар доираи иқдоми мазкур ба 24-оилаҳои бесаробонмондаи кормандони милитсия, ки ҳангоми адои хизмат фавтидаанд, 14-нафар кормандони маъюби мақомоти корҳои дохилӣ ва 10-нафар собиқадорони милитсия, инчунин 2-нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмакҳои яквақтаина расонида шуд.


  Собиқадорони ҷангу меҳнат дар навбати худ аз дастгирию ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорию хушнудӣ намуданд.
  Мавриди зикр аст, ки анҷом додани чунин амали хайр бори аввал набуда, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста аз ҳоли собиқадорони худ бохабар гардида, дар доираи имкониятҳои худ дар рӯзҳои иду ҷашнҳои миллӣ кӯмаки моддии хешро ба собиқадорон ва аҳли оилаи онҳо мерасонад.

Шукуров Сироҷиддин,
нозири гурӯҳи ахборотии РВКД дар ш.Душанбе,
лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin