Дуздии телефони мобилӣ аз манзили истиқоматӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 29-солаи сокини кӯчаи Зафари ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки санаи 5-уми марти соли 2018, тахминан соати 18:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонааш ворид шуда, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг С-5”, ки арзишаш 2500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 41-солаи сокини шаҳри Панҷакентро, ки пеш бо моддаи 201 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.