• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти гумонбар дар 30 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ бо зарари зиёда аз 500 000 сомонӣ
Боздошти гумонбар дар 30 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ бо зарари зиёда аз 500 000 сомонӣ

Боздошти гумонбар дар 30 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ бо зарари зиёда аз 500 000 сомонӣ

  Бо шикастани тиреза аз дохили автомашина рабудани маблағҳои пулӣ, телефонҳои мобилӣ ва дигар ашёи арзишманд, барои баъзе аз нафарони ҷиноятпеша василаест барои ба даст овардани маблағу даромади муфт, вале таассуфовараш он аст, ки нафарони қаблан судшуда роҳи дурусти зиндагониро интихоб накарда боз такроран даст ба ҷиноят мезананд.


  Шаҳрванд Ҷангиев Сайғуфрон Асланбекович соли таваллудаш 1981 зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода яке аз чуни афродест, ки қаблан панҷ маротиба барои содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ маҳбасӣ гардида бошад ҳам ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, дар ҳолати ретсидивии ба ҷомеа хавфнок боз такрор ба такрор ҷиноят содир намудааст.

  Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо бурди коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани зиёда аз 30-лаҳзаи ҷинояти дуздӣ, ки ба шаҳрвандон зиёда аз 500 000 сомонӣ зарар расонидааст, шаҳрванд Ҷангиев Сайғуфронро дастгир намуданд.
  Номбурда ҷиноятҳои дуздиро шабона ва бо дастпушу атвёрка бо як маҳорати махсус содир мекард. Аз он ҷумла аввалҳои моҳи январи соли 2017 автомашинаи шаҳрванд Мирсаидов Илҳом, ки дар кӯчаи Алишер Навоӣ дар назди манзили истиқоматияш беназорат меистод, дастгиршуда аз фурсати барояш муносиб истифода карда, бо истифода аз атвёрка шишаи тирезаи автомошинаи номбурдаро шикаста, маблағи пулии 4680 доллари ИМА ва дигар ашёҳои пурарзишро тасарруф намудааас. Гумонбаршаванда бо содир намудани н кирдори ҷиноятӣ ба ҷабрдида бо асъори миллӣ наздики 40-ҳазор сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидааст.


  Гуфтан ба маврид аст, ки бо роҳи дуздӣ ба даст овардани маблағ ба дастгиршуда Ҷангиев Сайғуфрон чун ба шуғли асосӣ мубаддал гардидааст, пешбурди зиндагониро танҳо дар ҳамин роҳ ҷуста, баъд аз сарфи маблағҳои қаблан ба даст оварда боз аз паи содир намудани ҷинояти дагаре мешуд.
  Чунончи номбурда аввалҳои моҳи декабри соли 2017 автомашинаи шаҳрванд Давлатов Хуршед, ки дар назди манзили истиқоматияш дар кӯчаи Асадулло Ғуломов меистод тирезаҳояшро шикаста аз дохилаш 3200 сомонӣ, телефони мобилӣ ва дигар ашёҳои қимматнокро аз они худ карда, бо ин кирдораш ба Давлатов Хуршед ба маблағи 6100 сомонӣ зарари калон расонидааст.


  Мавриди зикр аст, ки атёврка ва дастпӯш олоти содирнамоии ҷиноят ҳамчун далели шайъӣ аз ҷониби кормандони милитсия дарёфт карда шудааст, ки гумонбаршаванда Ҷангиев Сайғуфрон ба хотири нагузоштани изи ҷиноят аз он моҳирона истифода мебурд.
  Айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 244-Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin