Дуздии 70 000 сомонӣ дар вақти меҳмонӣ
Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни пешбурди чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани силсиладуздиҳо марди 32 солаи сокини шаҳри Ҳисор дастгир гардид.
Муайян карда шуд, ки номбурда аввалҳои моҳи июни соли 2017 ҳангоми меҳмонӣ дар манзили истиқоматии зани 31 солаи соҳибкори сокини пойтахт қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҷевони (Сейф) оҳанин 70 000 сомониро тасарруф намуда аз ҷои ҳодиса фирор намудааст.
Айни замон гумонбаршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтиши қазия идома дорад.