• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҷлили бо шукуҳи 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
Таҷлили бо шукуҳи 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Таҷлили бо шукуҳи 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Дар доираи таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони мақомоти милитсия маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст Саддори Раёсат генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ҳозиринро ба ин рӯзи фархунда шодбош намуда, иброздошт, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими давлат ва сипари боэътимоди Ватани маҳбубамон ба шумор рафта, такягоҳу муҳофиз ва ҳамқадаму ҳамсоли Истиқлолияти кишвари азизамон маҳсуб меёбад. Дар тули 25-соли фаъолияти худ афсарону сарбозони он тавонистаанд вазифаи муқаддаси худро содиқона ва сарбаландона иҷро намуда, бо ҷасорату мардонагӣ, фидокориву хизматҳои шабонарӯзӣ ва маҳорати баланди касбии хеш амнияти давлату миллат, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият ва дахлнопазирии марзу буми кишварро сарбаландона таъмин намоянд.

Дар идомаи чорабинии мазкур сардори Шурои собиқадорони Раёсат полковники муставфӣ Раҳматшоҳ Неъматов суханронӣ намуда, аз дастгириву ғамхории пайвастаи роҳбарият нисбати собиқадорони мақомоти милитсия изҳори қаноатмандӣ намуд.


Сипас дар вазъияти тантанавӣ як қатор кормандони шуҷоъу фаъоли милитсияи пойтахт бо Ифтихорномаҳои фахрӣ ва собиқадорон бо туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin