
Боздошти 5-нафар гуштфурӯш барои худсарона қиммат намудани нарх
Чуноне қаблан иттилоъ дада будем, бо мақсади пешгирии худсарона боло бурдани нархи маҳсулоти хурокворӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт рейду амалиётҳои санҷишӣ гузаронида шуда истодааст.
Махсусан, болоравии нархи гушт дар бозорҳо ва марказҳои савдо ба чашм мерсанд.
Аз ҷумла, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Ҷалилов Абдуғаффор, Келдияров Бобоҷон, Исмоилов Исомиддин, Каримов Аҳад ва Раҳимзода Азиз, ки дар маркази савдои «Баҳор», «Садбарг» ва хиёбони Рӯдакӣ дукони гушт доранд, худсарона нархро қиммат кардаанд. Нархномаи гушт, ки дар дукони онҳо 75-сомонӣ навишта шудааст, вале ба шаҳрвандон як килограмми онро аз 95-то 100-сомонӣ ба фуруш гузоштаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати номбурдагон бо моддаи 555 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои беасос баланд бардоштани нарх протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Баргузории чунин амалиётҳои санҷишӣ минбаъд низ идома дода мешавад.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе