Муроҷиат ба тоҷирону таъминкунандагони маҳсулоти хурокворӣ
Моҳи шарифи Рамазон моҳи баракат, хайру сахо ва фурсате барои иҷрои амалҳои савоб ба шумор меравад. Дар ин моҳ ҳамагон талош менамоянд, то ки ба мардум нафърасон бошанд.
Вале, як зумра шаҳрвандони фурсатталабе ҳастанд, ки бо мақсади ба даст овардани манфиати молӣ, аз ниёзмандии мардум истифода бурда, нархи маҳсулоти хуроквориро гарон мекунанд. Ин амали баъзе аз тоҷирон воқеан хилофи шариат ва берун аз ахлоқи инсонист.
Вобаста ба ин, кормандони милитсияи пойтахт дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои ваколатдор, бо мақсади назорат ва танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввал, санҷишҳои мақсаднок ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. Вале ин омили номатлуб ҳанӯз ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронист.
Бо назардошти ин, аз ҳамаи тоҷирону соҳибкорон даъват карда мешавад, ки мувозинати нархи молу маҳсулотро нигоҳ доранд. Дар акси ҳол, дар доираи талаботи қонунгузорӣ чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида хоҳад шуд.
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе






























