Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон: боздошти се шаҳрванди хориҷӣ
Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт, прокуратура ва гумрук, се нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон: Абдуллоҳ Муҳаммад соли таваллудаш 1971, Исмаил Муҳаммад соли таваллудаш 1974 ва Ясин Муҳаммад соли таваллудаш 1980, барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ ва бе расмиёти гумрукӣ ба хориҷи кишвар интиқол додани асъори долари амрикоӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даромада, дар умум ду килограмм сиккаҳои қалбакиро ҳамчун сиккаҳои тиллоӣ муаррифӣ намуда, ба маблағи 34-ҳазор доллари амрикоӣ ба фуруш гузоштаанд. Маблағҳои пулии бо роҳи ҷиноят ба даст омадаро мехостанд бо роҳи ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд, ки дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар сарҳад дастгир карда шуданд.
Нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 247 ва моддаҳои 32 қисми 3, 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карода шуданд.
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе






























