• Home »
  • ХАБАР »
  • Муноқишаи ду ҳамсоя дар пайи нофаҳмии кӯдакон
Муноқишаи ду ҳамсоя дар пайи нофаҳмии кӯдакон

Муноқишаи ду ҳамсоя дар пайи нофаҳмии кӯдакон

  Навори муноқишаи ҳамсоягон, ки санаи 25-уми августи соли ҷорӣ дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, аз ҷониби кормандони милитсия мавриди санҷиш қарор дода шуд.
  Дар натиҷа барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрвандон Давлатзода Маҳмадюнус соли таваллудаш 1993 ва Ғуломова Шаҳло соли таваллдуша 1984, сокинони кӯчаи И.Ваҳҳобҷони пойтахт ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.
  Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ин ду ҳамсоя аз сабаби нофаҳмии байни кӯдакон, ки зимни бозӣ дар назди бинои истиқоматӣ ба миён омадааст, бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin