Садамаи нақлиётӣ, дар ҳолати мастӣ

Садамаи нақлиётӣ, дар ҳолати мастӣ

  Қурбонова Фархунда, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми дар кӯчаи А.Қаҳҳорови шаҳри Душанбе идора намудани воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай», рақамҳои қайди давлатиаш 1769GG01, ба садама дучор гардид. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда дар ҳолати мастӣ қарор дошта, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Қурбонова Ф. бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Суд нисбати ӯ ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 21600 сосомонӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 5-сол таъин намуд.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin