Ҷаримабандии ронандаи «Мерседес» барои бе иҷозатномаи сиёҳшиша ва рақами бегона
Кормандони ШБДА Раёсати ВКД дар ш.Душанбе, зимни хизматбарӣ, Авғонов Суҳроб Сафарович ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес Бенс», рақамҳои қайди давлатиаш 1555DV01-ро боздошт намуданд. Зимни санҷиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ муайян карда шуд, ки номбурда воситаи нақлиётро бе иҷозатномаи сиёҳшиша идора мекунад. Ҳамзамон рақамҳои қайди давлатии 1555DV01 низ ба дигар воситаи нақлиёт тааллуқ дошта, ронанда Авғонов С. ғайриқонунӣ дар ин воситаи нақлиёт насб кардааст.
Вобаста ба ин, нисбати номбурда тибқи талботи моддаҳои 330 ва 313 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе