Боздошти ронандаи «Лексус», барои бетартибӣ дар роҳ
Дар асоси навори ирсол намудаи як нафар шаҳрванд, аз ҷониби кормандони бозрасӣ, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Лексус», рақамҳои қайди давлатиаш 1995EJ01, Маҳмадов Ҳусейн сокини 29-солаи ш.Душанбе боздошт карда шуд.
Номбурда зимни идораи воситаи нақлиёт дар баробари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, ҳамзамон ду нафар ҷавондухтар, ки дар дохили нақлиёти ӯ қарор доштанд, худро аз болои воситаи нақлиёт бароварда, бо садои баланд оромии шаҳрвандонро халалдор намудаанд.
Вобасата ба ин, нисбати Маҳмадов Ҳ. тибқи талаботи моддаи 462 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои халалдор кардани оромӣ, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе