Вайрон гардидани талаботи қонуни танзими ҷашну маросим
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим”, пеш аз ҳама бо мақсади пешгирии исрофкорӣ ва беҳбуд бахшидани вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳрвандон қабул гаштааст. Аммо баъзе аз шаҳрвандон хилофи он амал намуда, ба исрофкорӣ даст мезананд.
Аз ҷумла, зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муайян карда шуд, ки Зокиров Абутолиб соли таваллудаш 1967, сокини маҳаллаи Арбобхотун, хилофи моддаи 11 қонуни мазкур амал намуда, дар манзили истиқоматиаш маросими «Ақиқа» баргузор намуд.
Вобаста ба ин, нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикисон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе