• Home »
  • ХАБАР »
  • Дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон: огоҳӣ барои паҳнсозии аксу наворҳои нимурёну ғайриахлоқӣ
Дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон: огоҳӣ барои паҳнсозии аксу наворҳои нимурёну ғайриахлоқӣ

Дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон: огоҳӣ барои паҳнсозии аксу наворҳои нимурёну ғайриахлоқӣ

  Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт, дар асоси муроҷиатҳои зиёди шаҳрвандон, барои нашру паҳнсозии аксу наворҳои нимурёну ғайриахлоқӣ, шаҳрванд Ҷӯраева Мукаррамахон Беҳзодовна, санаи таваллудаш 15.07.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас намуданд.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда низ муддатест дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм саҳифаи худро таъсис дода, мунтазам расм ва наворҳои нимурён ва берун аз одобу ахлоқ, ки ба шаъну шарафи зан-модари тоҷик иснод меоварад, паҳн кардааст. Чунин кирдорҳои номбурда боиси эроду вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардида, аз мақомоти милитсия дархост намуданд, ки ба амалҳои ӯ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
  Зимни сӯҳбат ва баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ Ҷӯраева Мукаррамахон аз амалҳои содирнамудаи худ сидқан изҳори пушаймонӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати минбаъд ба чунин кирдор даст назадан, қатъиян огоҳонида шуд.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандонро огоҳ месозад, ки зимни истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ аз доираи одобу ахлоқ ва талаботи қонунҳои амалкунанда берун нараванд, зеро ҳар амалу рафтори ношоиста дар баробари ҷавобгарӣ дар назди қонун, ҳамзамон ба ахлоқ ва тафаккуру андешаи наврасон бетаъсир намемонад.!

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin