Ошкорсозии ду ҳолати пурра сиёҳ намудани оинаи пеши воситаи нақлиёт
Яклухт бо плёнкаи сиёҳ рӯйпуш намудани оинаи пеши воситаи нақлиёт, хилофи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба шумор рафта, нисбати чунин ронандагони қонуншикан ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.
Аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шабонарӯзи гузашта ду ҳолати чунин қоидавайронкунӣ ошкор карда шуд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “GMC”, рақамҳои қайди давлатиаш 1111NN01, Қурбонзода Муҳаммадрасул Саъдуллоевич ва ронандаи автомошина тамғаи “Хундай Элантра”, Ҷалолов Мусо ки бо рақамҳои қайди давлатии бегона 003DO01 воситаи нақлиётро идора мекард, аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуданд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки ҳар ду ронанда оинаи пеши воситаи нақлиёташонро пурра сиёҳ намудаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Қурбонзода Муҳаммадрасул ва Ҷалолов Мусо тибқи талаботи қисми якуми моддаи 330 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаҳои нақлиёт дар ҷаримагоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шудаанд.
Қобили зикр аст, ки тибқи талаботи моддаи мазкур нисбати ҳар кадоме аз номбурдагон ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 10-ҳазору 800 сомонӣ таъин карда мешаванд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе