Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, зери назорати роҳбарияти милитсияи пойтахт қарор дорад!
Тамоми муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон бе восита таҳти назорати роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиши саривақтӣ, холисона ва ҳамаҷониба қарор дода мешаванд. Вобаста ба ин, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки бо мушоҳидаи ҳама гуна амалу кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ тавассути суроғаҳои электронӣ ба унвонии роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.
Аз ҷумла, дар асоси муроҷиати электронии як нафар истифодабарандаи шабакаи иҷтимоии «Фейсбук», аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ронандаи востаи нақлиёти тамғаи «Лексус», рақамҳои қайди давлатиаш 1101ZW01, шаҳрванд Қодиров Аҳтамҷон Одинаевич, санаи таваллудаш 03.02.1976, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе боздошт карда шуд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар ҳақиқат санаи 13-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 19:40 дақиқа ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи Рӯдакӣ бар хилофи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ амал намуда, зимни убури роҳ ба пиёдагардон монеагӣ эҷод намудааст.
Айни замон, воситаи нақлиёти мазкур дар ҷаримагоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шуда, нисбати ронанда-Қодиров Аҳтамҷон тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Зимнан, роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба он нафароне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирии қонуншиканӣ худро бе тараф нагирифта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия саҳми худро мегузоранд, изҳори сипос менамоянд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе