Мулоқоти гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Турсунзода

Мулоқоти гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Турсунзода

  Дар мулоқоти навбатӣ, ки бо сокинону фаъолони шаҳри Турсунзода баргузор гардид, муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Ғафурзода Аҳлиддин ва роҳбарони дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ширкат намуданд.


  Зимни мулоқот оид ба як қатор масъалаҳои мубрами ҷомеа, махсусан пешгирии содиршавии амалу кирдорҳои номатлубу ҷиноятӣ, тарғиби ғояҳои ватандорию инсондӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва ба андухтани илму дониш равона сохтани наврасон, аз ҷониби ширкаткунандагони чорабинӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво сурат гирифт.


  Ҳамзамон як қатор сокинони фаъоли шаҳри Турсунзода низ бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар ҳамбастагӣ барои пешрафту тараққиёти Ватани азизамон-Тоҷикистон саҳми худро мегузоранд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin