10-шабонарӯз: ҳабси маъмурии ронандаи «БМВ»
Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ва андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ, мутассифона баъзе аз ронандагони ҷавон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, бо амалу рафтори ношоистаи худ боиси коста гаштани назму тартибот мегарданд. Махсусан, вақтҳои охир дар байни ронандагони ҷавон падидаи номатлубе, ба истилоҳ «кокс» ва «дрифт», яъне аз ҷойи ист яку якбора ба ҳаракат даровардани воситаи нақлиёт ба «мӯд» табдил ёфтааст. Ҳар кадоме аз ҷавонон нақлиёти худро бо чунин тарз идора намуда, онро ба навор гирифта, бо мақсади худнамоишдиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд.
Гарчанде кормандони милитсия нисбати чунин ронандагон дар доираи талаботи қонунгузорӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷиҳати минбаъд такрор накардан расман огоҳ намоянд, ҳам вале боз ҳастанд ронандагоне, ки дидаву дониста такроран даст ба чунин қонуншиканӣ мезананд.
Аз ҷумла, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «БМВ», рақамҳои қайди давлатиаш 2004АА10, Назаров Фирӯзҷон Файзалиевич, санаи таваллудаш 22.08.2004, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, новобаста аз огоҳии қаблӣ такроран воситаи нақлиёти худро дар назди майдони «Истиқлол» бо чунин шакл идора намуда, оромии шаҳрвандонро халалдор сохтааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Назаров Фирӯзҷон барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия тибқи талаботи моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе