Ҳаракати гурӯҳии воситаҳои нақлиёт зимни иштирок дар маросими тӯй

Ҳаракати гурӯҳии воситаҳои нақлиёт зимни иштирок дар маросими тӯй

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, бо мақсади танзими роҳу нақлиёт, риояи қоидаҳои ҳаракат ва пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо ба таври ҳамешагӣ дар ҳудуди пойтахт рейду амалиётҳои санҷиширо баргузор менамояд. Мутаассифона ҳастанд бархе аз ронандагоне, ки оддитарин қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, боиси халалдор гаштани назму тартибот мегарданд.
  Махсусан, зимни иштирок дар маросими арӯсиву домодӣ дар бештари маврид ронандагони воситаҳои нақлиёт ҳаракати гурӯҳиро ташкил намуда, дар баробари роҳи мошингардро пурра банд кардан, ҳамзамон ҳолати сунъии тамбашавии воситаҳои нақлиётро ба вуҷуд оварда, боиси норозигии дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мегарданд.
  Аз ҷумла, санаи 27-уми ноябри соли ҷорӣ, зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, ронандагони се нақлиёти тамғаи «БМВ», зимни иштирок дар маросими туй, ҳаракати гурӯҳӣ ташкил намуда, роҳро пурра банд карда, ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеагӣ эҷод кардаанд.
  Зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия ронандагони ҳар се воситаи нақлиёт, аз ҷумла:
ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, рақамҳои қайди давлатиаш 1000HD01, Раҳмонов Маҳмадҷон Қурбонмаҳмадович, санаи таваллудаш 09.04.1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад;


  ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, рақамҳои қайди давлатиаш 1111ОТ01, Ҷӯраев Иқбол Шамшодович, санаи таваллудаш 06.08.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак-2,


  ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, рақамҳои қайди давлатиаш 0746МЕ01, Кадиров Фирӯз Истампулодович, санаи таваллудаш 09.09.1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мир боздошт карда шуданд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 328 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар кадоме ба андозаи 5-нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ карда шуданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin