• Home »
  • ХАБАР »
  • Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ аз манзили истиқоматӣ
Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ аз манзили истиқоматӣ

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ аз манзили истиқоматӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки аз моҳи декабри соли 2022 то моҳи феврали соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо якчанд адад матоъҳои гуногуни занонаи навъи «паплин»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 21 ҳазору 540 сомониро ташкил медиҳад.
  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои чорабиниҳои оператаивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 30-солаи сокини ноҳияи Файзобод ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
  Оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin