Ронандагони сархуш боздошт гардиданд

Ронандагони сархуш боздошт гардиданд

Аз таҷрибаи тафтишотӣ бармеояд, ки идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дағалтарин қоидавайронкунӣ дар самти ҳаракат дар роҳ ба ҳисоб рафта, оқибати нохушро дар пай дорад ва дар аксар ҳолатҳо бо садамаҳои марговар меанҷомад.
Ҳарчанд нисбати чунин кирдори зиддиҳуқуқӣ ҷазо вазинитар гашта бошад, ҳам ҳастанд ронандагоне, ки дар ҳолати мастӣ автомашинаро идора мекунанд, ки давоми ҳафтаи сипаришуда кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни хизматбарӣ муайян ва ошкор намуданд.
Давоми ҳафта аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе 4 ҳолати идоранамудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкор, муайян ва дар асоси тасдиқномаи Маркази наркологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нисбати ронандагон бо дастрасии талаботҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, автомашинаи онҳо ба ҷаримагоҳи БДА ворид карда шуд. Инҳо:

Салимов Фаррух Темурович–ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус 470, рақами қайди давлатиаш 7281 СВ 01,

Маҳмудов Фирӯз Фарҳодович–ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота Кемрӣ, рақами қайди давлатиаш 5235 ТТ 05,

Исоев Маҳмадрасул Тоҷиддинович–ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес Бенс, рақами қайди давлатиаш 2299 АТ 03,

Шарипов Аҳлиддин Юсуфович–ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ 21013, рақами қайди давлатиаш 3838 ВА 07.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin