• Home »
  • Баромадҳо »
  • Ташрифи намояндаи Вазорати ҷамъиятии бехатарии Ҷумҳурии мардумии Чин ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Ташрифи намояндаи Вазорати ҷамъиятии бехатарии Ҷумҳурии мардумии Чин ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Ташрифи намояндаи Вазорати ҷамъиятии бехатарии Ҷумҳурии мардумии Чин ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

  Санаи 21-уми декабри соли ҷорӣ намояндаи Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин ҷаноби Ху Тзюнтан ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо сардори Раёсат генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов мулоқот намуд.


  Зимни мулоқот таъкид гардид, ки дар доираи сиёсати хирадмандона ва ҳамкориҳои стратегии сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар доираи санадҳои баимзорасида байни вазоратҳои ду кишвар низ табодули таҷриба ва баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандони мақомоти милитсия роҳандозӣ гардидааст.


  Дар идомаи мулоқот, инчунин оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, баргузории чорабиниҳои профилаткикӣ-фаҳмондадиҳӣ, таҳким бахшидани робита бо мардум, вазъи садаманокӣ ва роҳу усулҳои пешгирии он байни ҳам мубодилаи афкор намуданд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар фурсати муносиб боздид ва ташрифи намояндагони мақомоти милитсияи ду кишвар ба ҷумҳуриҳои ҳамдигар ба роҳ монда мешавад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin