• Home »
  • ХАБАР »
  • Роҳандозии таҷрибаи нав ҷиҳати пешгирии вайроннамоии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ
Роҳандозии таҷрибаи нав ҷиҳати пешгирии вайроннамоии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ

Роҳандозии таҷрибаи нав ҷиҳати пешгирии вайроннамоии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ

Вайрон намудани қоидаи ҳаракати роҳ ин аз малакаи ронандагӣ надоштан шаҳодат медиҳад, ки ингуна ҳолатҳоро дар раванди хизматбарӣ кормандони БДА ҳамаруза ба қайд мегиранд.
Ҳафтаи сипаришуда кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ як қатор корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир намуда, бо мақсади танзими воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, ошкор ва муайян намудани вайроннамоии қоидаҳои ҳаракати роҳ маҷмӯи чорабиниҳои пешгирикунанда баргузор намуданд. Дар натиҷа якчанд далели вайроннамоии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби масъулини Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муайян гардид.
Дар доираи баргузории як амалиёт, ки давоми се руз баргузор гардид, аз ҷониби нозирони роҳ 2234 адад ҳуқуқвайронкунӣ муайян, ошкор ва ба қайд гирифта шуд.
Мавриди зикр аст, ки идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дағалтарин қоидавайронкунӣ мебошад, ки оқибати он аксаран ба рух додани садамаҳои нохуши нақлиётӣ ба анҷом мерасад. Ҳарчанд нисбати чунин кирдори зидиҳуқуқӣ ҷазо вазинитар гашта бошад ҳам ҳастанд ронандагоне, ки дар ҳолати мастӣ автомашинаро идора мекунанд.
Зимни доир намудани амалиёти мазкур 5 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ муайян ва ошкор карда, баъди гузаронидани санҷишҳои соҳаи тандурустӣ оиди дар ҳолати мастӣ қарор доштани ронандагон нисбаташон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, автомошинаҳои ронандагони сархуш ба майдончаи ҷаримавии Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ворид карда шуд.
Инҳо шаҳрвандон: Алиев Толибҷон Исломович ронандаи автомошинаи тамғаи Матиз, аломати қайди давлатиаш 0998ЕЕ01

Ҳайдаров Насрулло Анварбекович – ронандаи автомашинаи Опел-Астра, аломати қайди давлатиаш 1208СТ01

Тадҷихолов Улмасхон Ҳомидович – ронандаи автомашинаи мусофиркаши тамғаи Старекс, аломати қайди давлатиаш 4254ТТ05

Баҳодурзода Фаридун Асрор – ронандаи автомашинаи тамғаи Ласети , аломати қайди давлатиаш 4968ТТ05

Турдиев Неъмалло Наманович – ронандаи автомошинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 7840АА01.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin