Диққат!!!  Ба ҳар гуна эълонҳои бардурӯғ бовар накунед!

Диққат!!!  Ба ҳар гуна эълонҳои бардурӯғ бовар накунед!

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандонро огоҳ месозад, ки ба фиреби қаллобони интернетӣ бовар накунанд.
  Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Instagram, Facebook ва ғ.) эълонҳои қалбакӣ аз номи бонкҳои Тоҷикистон (Dushanbe City, Alif, Eskhata, Amonatbank ва ғ.) зиёд шудаанд. Фиребгарони интернетӣ бо баҳонаи пешниҳоди осон ва бо фоизи кам ба даст овардани қарз мехоҳанд шаҳрвандонро фиреб диҳанд!

Чӣ гуна фиребгарон амал мекунанд?

– Бо нашри эълони қалбакӣ ба шумо пешниҳод мекунанд, ки ба сомонаи сохта ё паёмрасон гузаред.
– Аз шумо талаб мекунанд, ки маълумоти шахсӣ ворид кунед.
– Ба шумо ҳуҷҷати қалбакӣ мефиристанд, ки гӯё қарзи шумо тасдиқ шудааст.
– Барои гирифтани “қарз”, маблағи пешпардохт талаб мекунанд (300, 500 сомонӣ ё бештар).
– Баъд аз гирифтани иаблағ ғайб мезананд!

Чӣ тавр худро муҳофизат кунем?

– Бонкҳои воқеӣ барои расмикунонии қарз пешпардохт талаб намекунанд!
– Танҳо ба сомонаҳои расмии бонкҳо бовар кунед!
– Маълумоти шахсиро ба сомонаҳои шубҳанок ворид накунед!
  Бори дигар огоҳ месозем, ки ба ҳар гуна эълони бардурӯғ бовар накунед, маълумоти шахсӣ ва сармояи худро ҳифз намояед!

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin