• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти ҷавондухтари 21-сола бо ҷурми тамаъҷӯӣ
Боздошти ҷавондухтари 21-сола бо ҷурми тамаъҷӯӣ

Боздошти ҷавондухтари 21-сола бо ҷурми тамаъҷӯӣ

  Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ, Қамарова Миҷгона сокини 21-солаи шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони Шуъбачаи шаҳрии милитсия ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда муддатест бо шаҳрванд Ҷ.Қ. сокини 57-солаи н.Ёвон ба таври ғайрирасмӣ оила барпо намуда, муносибатҳои маҳрамонаи худро тариқи телефони мобилӣ ба навор мегирифтааст. Сипас ин наворҳоро ҳамчун василаи тамаъҷӯӣ истифода бурда, бо таҳдиди паҳн кардани маълумотҳои беобрукунанда, мунтазам аз шаҳрванд Ҷ.Қ. маблағҳои калони пулӣ талаб карда, ба манфиати шахсии худ истифода кардааст.
  Ахиран, санаи 6-уми март ҳангоми гирифани 19-ҳазору 800 доллари амрикоӣ Қамарова М., дастгир карда шуд.
  Нисбаташ бо моддаи 250 (Тамаъҷӯӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin